ТЭТ ҲНИ сарчашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон
Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ханӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ муаммоҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳаракати мардумии “Растохез, ки баъди интишори қонун “Дар бораи иттиходияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон” - 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул шудааст,ташкил ёфтан гирифтанд. ҲНИТ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд ки ҷаҳон мувофики хости онхо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ҲНИТ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб, Ироқшаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд халок шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 26 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи базе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпўшониест, ки базурӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зураворонаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсадҳо ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад.
Терроризми динӣ низ иҷрои амалҳое мебошад, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд.
Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хата, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.
Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт,ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки Ҷумхурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст,фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террористӣ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишхои онхо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба хадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбинӣ аз оламу одам норозӣ ҳамавақт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИТ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию террористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем. Дар шароити ҳозира маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмии таҳлилӣ бо масъулияти калон ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои худро иҷро карда истодааст.
Изҳороти сармуаллимаи кафедраи назарияи иқтисодӣ Абдувалиева Нилуфар Алишеровна