ТЭТ ҲНИ моро ба пастӣ мебарад
Амалҳои даҳшатангезу зиштниҳоди ТЭТ ҲНИ барои касе пӯшида нест. Ҳодисаи бо оилаи Абдулло Ҳошимов рух дода аз беамонтарин, пасттиннаттарин, нафратангезтарин усули авомфиребӣ, саргардонӣ, бадомандозӣ, роҳгумзанӣ, ояндасӯзӣ маҳсуб меёбад, ки бори дигар чеҳраи аслии хоинонро ба мардум боз кард.
Бо бароробари аз забони кӯдаки 11 сола шунидани изҳороти «Ифротӣ шудани падарам маро маъюбу модарамро ғӯрамарг кард» ашк аз чашмони шахс ҷорӣ мешавад. Ба ҳайрат мемонам, ки чӣ гуна шахсони дар тарбияву таълими се фарзанд ва нигоҳубини волидони нафақахӯр масъул, ба доми чунин гурӯҳҳои разилон кашида мешаванд. Охир онҳо бо ҳамроҳшавӣ ба чунин равияҳо ба номи пайвандон доғ меоранд. Чуноне, ки ҳақиқати ҳол нишон дод, ояндаи фарзандонро месӯзонанд.
Аз суханони дардноки бобои Абдулло пайдост, ки иттиҳоди ҷиноятии террорристӣ ва экстремистии Ансоруллоҳ, ТЭТ ҲНИ боиси гумроҳии фарзандони ӯ ва фоҷиаи ба сараш омада гаштааст. Аз ин рӯ, таклиф ба амал бароварда мешавад, ки нисбати чунин гурӯҳҳои хонумонсӯз вазнинтарин ҷазо тадбиқ карда шавад, то ин ки дигар кӯдакон ятиму маъюб ва волидон бе ҷигарбандон намонанд.
Озодандеш