ТЭТ ҲНИ гумроҳкунандаи ҷавонон

Яке аз муаммоҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони кишвари моро ба ташвиш овардааст, ин гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ мебошад. Яке аз ташкилоти мамнӯъ ва ғайриқонуние, ки барои роҳгум намудан ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аз қабили терроризму экстремизм мегардад, ин ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Зеро бо суханҳои иғвоангезу пасипардагӣ мардум, махсусан, ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба доми худ кашида истодаанд. Аммо мо, ҷавонон намегузорем, ки ҷомеаи моро заҳролуд созад.

Зеро терроризм ва экстремизм дар замони муосир на танҳо ба як миллату давлат, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дошта, боиси нооромиҳо дар гӯшаву канори олам гардидааст. Муборизаи ҳадафнок ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт, чораву амалҳои якҷояи давлатҳо ва ташкилотҳои сатҳи байналмиллалиро тақозо менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” зикр намуданд, ки: “таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти олии мамлакатпешгирӣ ва мубо­риза бар зидди терроризму экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини ам­нияти миллии худ, мамлакатҳои Осиёи Миёна ва тамоми ҷаҳон зери таваҷҷўҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораву тадбирҳои таъхирнопазир менадешад.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонҳанўз таърихи 21 апрели соли 1997 Фармон «Оид ба чораҳои пурзўр намудани мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуда буд. Аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муборизабо терроризм аз ҷумла як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд ва амал менамоянд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ва ғайра.

Дар сатҳи ҷаҳон ҳоло беш аз 42 ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият менамоянд, ки 25 тои онҳо худро бо дин иртибот медиҳанд. Дар Тоҷикистон имрӯз фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳо террористию экстремистӣ эълон карда шуда, бо ҳалномаи Суди Олӣ фаъолияташаон манъ карда шудааст, ки ҳама хусусияти динӣ доранд.Таҷрибаи тафтишотиву судӣ шаҳодат медиҳад, ки аксарияти мубаллиғони ақидаҳои тундгароӣ ва шахсоне, ки ҷавононро бо истифода аз муқарраротҳои дини мубини ислом, сохтаву бофтаҳои худ ба ҷаҳолат, ифротгароӣ, якравӣ ва хушунату зӯроварӣ мебаранд. Мо намегузорем, ки ҳадафи ғаразноки онҳо реша паҳн намояд.

Яке аз омилҳое, ки имрӯз ҷавононро ба доми ифроту ҷаҳолат кашида истодааст ин ҷанги иттилоотӣ пахши ғояҳои ифротгаро ва моҷароҷӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад, ки дар паси онҳо аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз ҷумла, роҳбари он ва инчунин сардори ба ном гурӯҳи “Пймони миллии Тоҷикистон” нишаста, онҳоро ба роҳи тангу сиёҳ мебаранд. Мо бояд дар байни ҷавонон корҳои тарғиботиро оиди таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаиодамон, дӯст доштани Ватан, инсондӯстӣ, расидан ба қадру қимати истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва бовар накардан ба ҳар гуна фиребу дасисаҳои душманони миллат тақвият бахшем ва бо далелу мисолҳои равшану возеҳ ба онҳо ин ҳатарҳо ва оқибатҳои онро фаҳмонем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон баъзе дар хориҷи кишвар ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ рафтору кирдор, намуди зоҳирӣ ва ақидаҳои динии худро тағйир медиҳанд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи кишвар ҳадафҳои террористону экстемистонро хуб дарк намуда, роҳу усулҳои муосири пешгирии онро дарёфт намудаанд. Аз ин лиҳоз, ифротгароён дар хориҷи кишвар фарзандони моро, ки дур аз Ватан, оила ва волидайн ҳастанд бо осонӣ ба доми худ кашида истодаанд. Дар ин самт бояд падару модар ва хешу пайвандон хуб андеша намуда, аз таҳсил, ҳолу аҳвол ва рафтору гуфтори фарзандонашон дар муҳоҷират низ бохабар бошанд, нагузоранд, ки онҳо ба доми шахсони фиребгару душманони миллати мо афтанд.

Нафароне, ки барои узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремисӣ маҳкумшудаанд, маънаван заифу осебпазир мебошанд ва дар ҳолати аз озодӣ маҳрум шуданашон низ пушаймон ва ислоҳ шуданашон душвор аст.

Ҷалби васеи ҷавонони боистеъдод ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, махфилу кружокҳо, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ натиҷаҳои мусбиро ба бор хоҳад овард. Чунки муносибат ва муоширати ҳамсол ба ҳамсол усули хуби корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Бо ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна махфилу чорабиниҳо онҳоро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин нигоҳ дошта, диду назари онҳоро ба тарзи ҳаёту зиндагии солим гарм месозад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиати абарқудратҳо, сиёсати духӯраи баъзе давлатҳо нисбат ба мафҳуми терроризму экстремизм ҳар як шаҳрванди бедордилу соҳибхиради моро вазифадор менамояд, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва қарзи шаҳрвандии худро дар назди наслҳои имрӯзу фардо аз ёд набарорем ва барои солим нигоҳ доштани мафкураи мардум, аз ҷумла насли ҷавону ояндасоз кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ибоҳимҷон ҶАББОРОВ,

номзади илмҳои таърих, дотсент, декани

факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ