Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем
Имрӯзҳо хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои муҳими илмҳои сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра мебошад. Аз ин рӯ дар бархе аз давлатҳо марказҳо ва донишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равона гардиданд. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои нопокӣ сиёсӣ истифода бурда мешавад. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳмиши васею ҳамаҷонибаи он ба фоидаи кор мебошад. Чи хеле, ки медонем экстремист шахсе мебошад, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ ва ҷангҷӯёнаро дорад. Ин амалу зуҳуротҳои онҳодар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш таъсири худро мерасонад.
Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони донишҳои сиёсӣ надошта ботаъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор дорад ва мақсади нопокашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа аст, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан бо ҳадафҳои нопоки худ ва тарғиби тундгароӣ дар ҷомеаи динию мазҳабии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.
Оиди пешгири намудани ҷомеаи ҷаҳони дар суханрониҳои худ роҳбари давлат иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии азизамон интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.
Доир ба ин масъала ва пешгири намудани аҳолии кишвар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)"ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуротҳои номатлуб мусоидат менамояд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ҳол он ки ин зуҳуротҳо ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.
Мо ҳамеша ба суханони Пешвои муаззами миллат пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон яъне Ватани биҳиштосоямон ҳамеша омода ҳастем ва доимо сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ менамоем.