Терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст
Ҷомеаи башарӣ аз оғоз то имрӯз чун шоҳиди бурду бохтҳои зиёд хатарҳои терроризм ва экстримизми сиёсиро борҳо таҷриба кардааст. Ин ҷараёни тезу тунд ва харобиовар, ки боиси ҷангу хунрезӣ,ақибмондагии иқтисодӣ, ихтилофоти динию мазҳабӣ ва дар маҷмӯъ парокандагии ҷомеа гардидааст, имрӯз ҳам ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Сарзамини соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон солҳои охир аз ҷангу ҷидол, фитнаву ошӯб ва халалдор кардани вазъи осудаҳолии мардуми он аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, аз он ҷумла собиқ ҳизби террористии ҲНИ таҷриба намуд ва халқи тоҷик чун халқи огоҳу бедор бояд аз ин таҷоруби таърих панд гирад, то дигар туъмаи ин гуна фитнаву дасисаҳо нагардад.
Агар ба таърихи гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистӣ назар афканем, дармеёбем, ки он марҳилаҳои гуногунро дар бар мегирад. Ифротгароӣ ё худ экстримизм дар асри 18 - марҳилаи нахустини пайдоиш ва инкишофи худ бори нахуст дар кишварҳои Фаронса, Македония, Италия, Испания Сербия ва ғ. арзи ҳастӣ намудааст. Раванди дуюми он бошад ба авохири садаи 19 рост меояд.
Марҳилаи нави он дар асри 20 хуруҷ намуда, маҳз дар ҳамин давра номи “терроризми сиёсӣ”-ро гирифт. Раванди мазкур асосан пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳамон давлатҳое, ки аз нигоҳи иқтисодӣ мутараққӣ маҳсуб меёфтанд, вале сохторҳои сиёсиашон нисбат ба иқтисодиёти пешрафтаашон қафо монда буд, монанди: Италия, Олмон, Япония амал мекард. Дар ин кишварҳо ташкилотҳои террористии “Краснҷе бригадҷ”, “Фраксия Красной Армии”, “Японская Красная Армия” вуҷуд доштанд, ки чун воситаи муборизаи ғоявию сиёсӣ истифода мегардиданд. Ҳадафи асосии ин гуна ташкилотҳо ба воҳима овардани мардум ва ноором сохтани вазъи рӯзгори мардум буд. Ба Тоҷикситон роҳ ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ба аввали солҳои 90-и асри 20 рост меояд. Азбаски Тоҷикистони мо пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қудрати низоми маъмурии худро аз даст дод ва фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, берун аз назорат мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятӣ низ таъсири худро дар заъфу сустии пояҳои давтадорӣ мерасонид, гурӯҳҳои ифротгаро ба зудӣ тавонистанд барои амалӣ кардани аҳдофи нопоки худфазои Тоҷикистонро барои худ мусоид дарёбанд. Аз ҷумла собиқҳизби террористии ҲНИ бо истифода аз ин имкониятҳои мусоид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон пардохтанд. Аъзоёни ин ҳаракати террористӣ мардуми соҳибимон ва соҳибэътиқоди тоҷикро, ки дар рӯҳияи бузургдошти оини мусалмонӣ ба воя расида буданд, ба оҳистагӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои худ истифода намуда, дар симои худ ҳомиёни дин ва тарғибгарони ахлоқи волои мусалмониро нишон доданӣ мешуданд. Ин як воситае буд, ки онҳо то ҳадди имкон тавонистанд барои ба як самти муайян равона кардани фаъолияти харобиовари худ аз он истифода намоянд. Аз ҷониби дигар мардуми аз ҷанги бародаркуш азияткашидаи тоҷик, ки вазъи солими иқтисодии хешро наметавонист ба таври дилхоҳ ба роҳ монад, ба “хайрхоҳӣ” ва дасти ёрӣ дароз кардани хоинони дину миллат, ки хешро чун “ҳомиён” муаррифӣ карда буданд, бовар мекарданд ва то ҷое аз ин “мурувватҳо”-и онҳо баҳравар мешуданд. Кор то ҷое расид, ки пайравони ҳаракатҳои ифротгароиву террористӣ дар Тоҷикистон мусаллаҳ гардида, дар харобии ҷомеаи кишвар боз ҳам бо имконият ва нерӯи дучанд даст зананд. Амалҳои террористӣ нисбати собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдуллоев Н, собиқ раиси ноҳияи Ғарм Б. Музаффаров, собиқ ректори Донишгоҳи тибии Тоҷикистон Юсуф Исҳоқӣ, А. Неъматов, М. Ғуломов, О.Латифӣ ва дигарон шоҳиди ин гуфтаҳо мебошад.
Гузашта аз ин, амалиётҳои террористиву экстримистии собиқ аъзои ҳизби террористии ҲНИ, ки бевосита дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ ба истифодаи “хоҷагони сармоягузор” фаъолият доштанд, дар хуруҷи амалҳои коррупсионӣ ва поин рафтани бекориву одат кардан ба маблағҳои муфт дар ҷомеа таъсири бузург расониданд. Мардуми гумроҳ, алалхусус, ҷавонони камтаҷриба, ки агарчи бовар ба оинҳои дину шариат доштанд, вале аз донишу биниши амиқу санҷида дар ин кор бебаҳра буданд, ба зудӣ гирифтори ин дом гардиданд.
Ин омилҳои харобиовари ҷомеаро Пешвои муаззами миллат дарк намуда, барои гирифтани пеши роҳи ин дасисабозон, ки ғаразашон танҳо расидан ба аҳдофи сиёсӣ ва ба даст овардани ҳокимият маҳсуб меёфт, чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешиданд.
Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қабул карда шуд. Мутобиқи ин қонун терроризм, яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ашхоси воҷеӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад. Дар он солҳо фаъолияти террористӣ ва экстримистии созмонҳои “Ал-Қоида”, “Ҳаракати толибон”, “Бародарони мусалмон”, “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ” ва ҲНИ таъсири манфии худро ба ҷомеаи башарӣ мерасониданд.
Бо қарори Суди Олии ҶТ ин тишкилотҳо террористӣ ва экстримистӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди манъ гардидани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо, бахусус, собиқ ҳизби террористии ҲНИ то ҳол ҳам, паёмадҳои нохуши бозмондаҳои ақидавӣ аз ин ташкилотҳои террористӣ миёни мардум эҳсос мегардад. Муассиртарин омили хатарнок дар ҷомеаи мусалмони Тоҷикистон ин аст, ки 99 %-и аҳолии Тоҷикистон ба дини мубини ислом эътиқод доранд, онро чун дини покизагиву ростӣ мепарастанд ва фарҳанги беш аз ҳазорсолаи мо бо ин дин пайванд ва омезиш ёфтааст. Ин аст, ки душманони миллат ин нозукии масъаларо эҳсос намуду барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ аз ин эътиқоди динии мардуми тоҷик истифода мебаранд. Пешвои миллат борҳо таъкид медоранд, ки дини ислом ҳеҷ робитае бо ифротгароӣ ва терроризм надорад. Терроризм ва экстримизм дину мазҳаб, миллат ва Ватан надорад. Ин вабои асрро муборизаи беамон мебояд ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон пешорӯи виҷдони худ масъул аст, ки дар пешгирии ин раванд бояд саҳми худро гузорад.
Гузашта аз ин, Пешвои миллат бар он таъкид доштанд, ки дуруст иҷро нагардидани нуктаҳои асосии Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар” дар тарбияи фарзанд яке аз омилҳои бепарво ва ғофил мондани алалхусус ҷавонони мо аз ҳодисаҳои босуръатпешравандаи ифротгароӣ ва воқеоти таъсиркунанда ба вазъи нооромии кишвар мебошад. Мусаллам аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки баробари рушди босуръати илму техника, афзудани шумораи бекорон ва равандиҷаҳонишавӣ ба кишварҳои ҷаҳони муосир яке аз хатарҳои таҳдидкунандаи ин зуҳуроти номатлуби аср – экстримизм ва терроризми байналмилалӣ хоҳад буд.
Пас, бо дарки масъулият ва зиракиву ҳушёрии сиёсӣ моро мебояд пеши роҳи ҳар гуна омилҳои барангезанда ва пешбарандаи ин гуна ақидаҳои ифротгароӣ, боқимондаҳои таъсири манфии собиқ ҳизби террористии ҲНИ, омӯзиши ғайриқонунии рукнҳои ислом, ки ба хотири аҳдофи сиёсӣ ба роҳ монда мешаванд саривақт бигирем. Нагузорем, ки ваҳдати устувори тамоми қишрҳои ҷомеа халал пазирад, ғояҳои бегона ба фарҳангу маданияти мо – тоҷикон роҳ ёбад ва дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон дасти ноаҳл лаҳзае ҳам бошад барои роҳандозӣ намудани аҳдофи нопоки худ нерӯ ва имкон дарёбад. Дар ин кор моро дасти ҳамдигар гирифтану иттиҳод мебояд. Беҳтарин намунаи андарзи иттиҳодро бошад аз чеҳраҳои намоёни тамаддуни башарӣ, ниёгони мо – Мавлонои Балхӣ мефармояд:
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Қорихоно С. О.
Муаллими кафедраи
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ