Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновар
Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Фоҷеаҳои нангини чанд соли охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик ба вуқӯъ пайвастааст, ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад. Дар ин замина, тарбияи дуруст ва дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас вазифаи ҷонии мо омӯзгорон, ба шумор меравад. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки ҷаҳонро ба таҳлуқа андохтаанд, дар таърих дар ҳамадавру замон бо ҳар ном амал мекардаанд, ки ҳадафи асосси онҳо аз байн бурдани якпорчагии давлат ва қатлу куштор ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳокимиятро ба даст орандуҷамъиятро ноором намоянд. Дар замони муосир аксари гурӯҳҳои террористӣ ба қатлу куштори халқи осоишта машғуланд ва бо номи ислом ин амалҳои нангинро иҷро мекунанд. Қисми зиёди ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил гардидаанд, на дониши кофии исломӣ доранду на дониши фарохи дунявӣ. Бо ваъдаҳои пуч, ки оқибаташ танҳо марг аст, онҳоро фиреб менамоянд.
Муҳиддин Кабирӣ пастсифаттарин инсон бо мақсадҳои ғарази худ бо таблиғоти ташкилоти экстримистиаш ба сарзамини тоҷикон соли 1992 фоҷеаи нангинро овард. Муҳиддин Кабирӣ дурӯғпардози дараҷаи олӣ буда, оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ташкилкунандаи гирдиҳамоии солҳои 90-91-ум аст.
Тамоми таблиғоти Кабирӣ дар пояи дурӯғ истодааст ва хато намекунем гӯем, ки ҳамсафони ӯ аз шахсони шубҳаноканд ва хатар ба ҷамъиятанд.
Муҳиддин Кабирӣ хизматгори киссагии хоҷагони хориҷӣ буда, мақсадҳои ғарази худро бо ҳар баҳона рӯи кор меорад.
Қайд кардан зарур аст, ки халқи тоҷик фоҷеаи солҳои 1992-ро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунад.
Аллакай тӯли 27 сол аст, ки ин инсони дурӯя хизмати хоҷагони эрониро ба ҷо меорад.
Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ёр мегардад,
Надонистам, ки саг хун мехурад, хунхор мегардад.
Шоир бисёр хуб гуфтааст рафторҳое, ки Кабирӣ барои худаш раво дидааст, саҳнаеро мемонад, ки мисли раҳгузари саги кӯчагӣ аст. Муҳиддин Кабирӣ хоини давлат аст. Вай барои манфиатҳои худ бо хоҷагони хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, бо ташкилотҳои террористӣ ҳамкори намуда ҷавонони моро гумроҳ менамояд. Саҳифаи таърихи муосири тоҷик палиди ва хиёнаткории Кабириро ҳеҷ вақт намебахшад.
Ҳошимова Ш.Ф. дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
.