Тарғиби анъанаҳои миллӣ як рукни мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ

Дар роҳи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм тарғиби анъанаҳои миллӣ як рукни муҳим буда метавонад. Тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ мета­вонад, ки ҷаво­нонро на танҳо аз экстремизм ва терро­ризм, балки аз таъ­сироти манфии ҷаҳонишавӣ низ боздорад.

Бисёр анъана ва урфу одатҳое дорем, ки дар сурати тарғибу ташвиқи онҳо чандин масъалҳои марбут ба тарбия ва ахлоқи насли наврас ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Яке аз далелҳое, ки дар ҳангоми ташвиқашон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии ҷавонону наврасон исти­фо­да мегардад, танқиди вазъи кунунии зиндагӣ аст. Мубал­лиғони ифротгароӣ масъалаи дар бозор нишастани занон, ба корҳои вазнин даст задании онҳо ва монанди ин­ҳоро танқид мекунанд. Наврасе, ки ин ҳолро бо чашмони худаш дар зиндагӣ мушоҳида мекунаду ба қавле хунаш ҷӯшидааст, кӯшиш мекунад, ки ин ваъиятро «бо фаҳмиши худаш» ислоҳ намояд.

Аммо агар ба таърихи гузаштаи худ нигарем, иҷрои корҳои вазнин ба зиммаи занон набуд. Масалан, кашонидани об ба хона ҳатман вазифаи мард буд. Оилаҳое, ки мардина надоштанд, саҳарӣ ба назди дарвоза кӯзаву зарфҳоро бароварда мемонданд ва ҷавонони савобҷӯ ба он об пур карда мемонданд. Ин корро имрӯз ҳам эҳё кардан лозим аст. Бепарвогӣ то ба андозае расидааст, ки агар зане аз паҳлӯямон бори вазнинро бардошта равад, фикри мадад расониданро гум кардем. Анъанаи неки ҷавонмардӣ аз байн рафтааст.

Яке аз сабабҳои ба гурӯҳхои иртиҷоӣ пайвастани ҷавонон дур мондан аз ҷамъият, пайдо гаштани нафрат аз аҳли оила, маҳалла ва муҳит мебошад. Яъне ҳамон нафа­роне, ки ормонҳои худашонро амалӣ карда наметавонанд, роҳи наҷот ва халосиро дар пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ мебинанд. Мутаассифона, анъанаи қадима ва мардумӣ, ки хеле нек буд, аз байн рафта истодааст. Ин ҷо сухан дар бораи анъанаҳои қадимаи маҳаллаҳо меравад, ки дар он ҷо вазифаи кулли ҷомеа тарбияи ҷавонони солеҳ буд ва ба калонсолони насиҳатгӯ фарқе надошт, ки фарзанди кӣ аст, балки муҳим он буд, ки чӣ гуна бояд ба воя расад. Аммо аз ин арзишҳои воқеан анъанавӣ ва қадима дурр шудаем. Барои баъзе наврасону ҷавонон пирон на шахси хирадманду раҳнамо, балки як пири бекора ҷилвагар мешавад, ки ин ҳам нодуруст аст.

Маълум аст, ки террорист ба мардум нафрат дорад. Яъне барои ӯ инсонҳоро ба қатл расонидан амри муқаррарӣ ва гоҳо савоб дониста мешавад. Ҳар террорист пеш аз он, ки террорист гардад, ҷавони муқаррарӣ буд ва аз одамон умедҳои фаровон ҳам дошт. Аммо шароити зиндагӣ тавре рух медиҳад, ки ин ҷавон аз одамон нафрат пайдо мекунад. Ин ҳолати рӯҳии ӯро мубаллиғони миссионер мефаҳманд ва ба мададаш мешитобанд, дигар барои ин гуна ҷавон мубаллиғ шахси беҳтарин мегардад, амру фармоиши ӯро иҷро кардан вазифаи аввалин шуда мемонад.

Дар анъанаҳои гузаштагони мо одати хабаргирӣ аз ҳоли ҳамдигар мавҷуд буд. Бо ду дона нон рафта куҳансолон ва ҳамдигарро хабар мегирифтанд. Фарқ надошт, ки аввал бадидорбинӣ кӣ меояд, хурдсол ва ё калонсол. Ҳангоми хабаргирии кдигар аз ҳолати хонаводаву фарзандони ҳамдигар огоҳ мегардиданд. Мутаассифона, ин анъана ҳам ба оҳистагӣ дар шаҳрҳо аз байн рафта истодааст. Ба хонаҳои ҳамдигар рафта аз мушкилиҳо огоҳ гардем, ҳоли фарзандонро биомӯзем, ба дармондагон маслихат диҳем, ин ҳам як роҳи паст кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ аст.

Гузаронидани ҳашарҳо барои сохтани хонаҳои истиқоматӣ ва ё кандани ҳавзу корезҳо ҳам анъанаи неки мардумӣ буда, барои сарҷамъ гардидани аҳли маҳал ва муттаҳид шудани мардум ҳисса мегузошт.

Маълум аст, ки ҳар ҷавон мехоҳад, ки кори метавонистаи худро намоиш диҳад, қувваи бозувонашро нишон диҳад, даст ба ҳар гуна корнамоиҳо занад. Дар ин маврид баргузор намудани бозиҳои анъанавии миллӣ дар байни ҷавонони маҳалла ва ё деҳа айни муддао мегардад.

Масъалаи дар назди ин ё он усто шогирд мондани наврасон ҳам масъалаи муҳим аст. Дар гузашта анъанаи хуби устоду шогирдӣ маълум буд. Усто барои шогирд намунаи ибрат ва пайравӣ ба шумор мерафт. Аз ҳама муҳим масъалаи эҳтироми устод мақоми воло дошт. Этикаи устоду шогирд як роҳи муҳимтарини муносибати коромӯзу шогирд ба шумор мерафт. Анъанаи мардумӣ устодро баробари падар ва беш аз ӯ мегузошт. Дар навбати худ устод ба шогирд фарзандвор муомила мекард. Ҳар усто новобаста аз он ки ба кадом касб машғул аст, шогирдон ва шогирд­пешагон доштанд. Масъалаҳои муносибати шогирду устолд дар асарҳои С.Айнӣ ва дигар бузургони адабиётамон ифода гаштааст. Дар роҳи тарбияи шогирдон муносибати устод бо омӯзанда ҳатман мисли муносибати падар бо писар гардиданаш мешуд. Масъалаи мазкур аз асосгузори фиқҳи ҳанафӣ Нуъмон ибни Собит сарчашма гирифта, ҳамчун арзиши мазҳа­биву фарҳанги миллӣ дар тафаккуру зеҳни мардум ҷой гирифта буд.

Шогирд дар манзили устод зиндагӣ мекард, яъне ӯ ҳамаҷиҳата таҳти назорат қарор дошт, муҳим аз ҳама устод комилан шогирдро бо меҳр назорат мекард. Бо меҳру дилсӯзӣ муносибат кардан бо шогирдон ҳам метавонад, ки як роҳи муҳими мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бошад.

Анъанаи дигари мардум коллективизм ва муттаҳид гардидан дар ҳамаи корҳо ва аз ҷумла, дар тӯю сур ва маъракаҳо ба шумор меравад. Мутобиқи одатҳои пешина дар маъракаҳои маҳалла ҳамаи ҳамсояҳо новобаста аз вазъи иҷтимоияшон даъват гардида, сари як пиёла чой менишастанд. Агар ягон нафар наояд, ҳатман аз ӯ пурсон мегардиданд. Мардум номи худро бо ҳам медиданд, ки ин худ як нишонаи меҳру муҳаббат буд.

Олимон, ҳунармандон, дороён, ки ба ҳукми мардум «савобҷӯ» ва «савобталаб» буданд, ятимон ва бепарасторонро ба сарпарастӣ мегирифтанд.

Намегузоштанд, ки ятимон ва кӯдакон бе парастор монанд. Чунин кирдорро идома додан низ як роҳи ҳалли масъалаи мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм аст.

Мутаассифона, дар байни занон ва духтарон низ масъалаи шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ба назар мерасад. Дар гузашта дар байни мардуми тоҷик анъанаи кайвонӣ ва кадбонугӣ, киба лаҳҷаи Хуҷанд онро ходимӣ ҳам мегӯянд. Яъне занони рӯзгордида духтарони қадрасро ҷамъ намуда, ба онҳо тарзи зиндагиро пеш бурдан, ахлоқи оилавӣ ва амсоли инҳоро мефаҳмониданд. Яке аз масъалаҳои обрӯ ёфтан дар ҷомеа сабру таҳаммулро пеша гирифтан буд, ки онро ходимон ва занони насиҳатгӯ иҷро мекарданд. Имрӯзҳо ҳам чунин анъанаро эҳё намудан мутобиқи мақсад аст.

Як роҳи муҳимми мубориза бо андешаҳои ифротӣ ҷалби ҷавонон ва наврасон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Имрӯзҳо бисёр озмунҳо ва чорабиниҳо баргузор мешаванд, ки ба онҳо аксаран донишҷӯён ҷалб мегарданд. Аммо дар ин замина гурӯҳи ҷавонон ҳам ҳастанд, ки ба касбу кор ва ё ҳунармандӣ машғул мешаванд. Дар ин замина барои тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ки бозоргир мебошанд, гузаронидани озмунҳои гилкори беҳтарин, деворзани беҳтарин, чӯбкори беҳтарин, сангчини беҳтарин айни матлаб аст. Агар чунин озмунҳо баргузор гарданд, ҳунарҳо тарғибу ташвиқ гардида, минбаъд пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ баста хоҳад шуд.

Тарғибу ташвиқи анъана, ҳунар ва суннатҳои миллӣ роҳи беҳтарини мубориза бо терроризм аст.

Ислом Раҳимов, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ