Тарбия: Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017эълон гардидани“Соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нақшаи чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ аз санаи 25-уми январи соли 2018 бо фарогирии иборат аз 44 банд номгўйи чорабиниҳо таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шудааст. Тибқи нақшаи зикргардида дар давраи аз январи 2018 то ба имрўз масъалаи мазкур дар 33 ҷаласаҳои Шўрои олимон, 35 ҷаласаҳои садорати факултетҳо ва 137 ҷаласаи кафедраҳо мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор дода шуда, мувофиқ ба масъалаи номбурда қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки паҳлўҳои мухталифи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби устодони соҳибтаҷрибаву соҳибунвони донишгоҳбеш300мақолаҳо дар саҳифаҳои рўзномаҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ таҳия ва банашр расонида шуда, муҳтавои фармоиши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба масъалаи мазкур дар ҳамаи гурўҳҳои академикӣ дар дарсҳои тарбиявӣ баррасӣ карда шудаанд. Омўзиши масъалаи мазкур дар сатҳи факултету кафедраҳо нишон медиҳад, ки дар толорҳо бешаз 50 адад шиору овеза, вобаста ба эълон гардидани Соли 2018 “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” бо фарогирии мавзеҳои сайёҳии кишвар муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ҳамзамон, баргузории 172 вохўриҳои судманд, зиёда 120 мизҳои мудаввар, беш аз 1300 суҳбатҳо бо ҷалби намояндагони ширкатҳои сайёҳии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, зиёда аз 200 чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, 107 чорабиниҳои варзишӣ, 64 озмунҳо, ва беш аз 300 чорабиниҳои мухталиф дар факултетҳо, кафедраҳо, китобхона вахобгоҳҳои №1,2,3 ва 9-уми донишҷўён ташкил ва гузаронида шудаанд. Ҳамчунин дар баробари ташкили конференсияи ҷумҳуриявӣ инчунин дар донишгоҳ беш аз 75 конференсияи умумидонишгоҳӣ таҳти унвонҳои “Сайёҳӣ-соҳаи пешбаранда ва афзалиятноки иқтисодиёт” (26.02.2018 кафедраи географияи иқтисодӣ. ва демография), “Сайёҳиии экологӣ - манбаи пешрафти иқтисодиёт” (01.03.2018 кафедраи экология ва ҳифзи табиат), “Имкониятҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” (12.03.18 факултети геоэкология), “Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд” (13.03.18 факултети санъати тасвирӣ ва технология), “Мақоми ҷавонон дар рушди сайёҳӣ” (24-25.05.18 факултет геоэеология), “Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (12.04.18 кафедраи экология ва ҳифзи табиат), “Табиати Тоҷикистон-омили рушди туризм” “Масъалаҳои мубрами рушди ҳунарҳоимардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (факултети санъати тасвирӣ ва технология) ва ғайраҳо ташкил ва гузаронида шуданд.Бояд қайд кард, ки дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ бо роҳбарии профессори факултети геоэкология Абдураҳимов С.Я. бо хатсайри Хуҷанд-Истаравшан-Аинӣ-Душанбе-Файзобод-Роғун-ҳоит-Тоҷикобод-Лахш-Мук-Сариосиёб-ҳавзаи дарёи Муксу-қисми шимолии қаторкӯҳи Пётри1-Душанбе-Хуҷанд ташкил карда шуд, ки дар он ду гурӯҳи донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои география, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат иштирок намуданд ва ғайраҳо.
Чорабиниҳо дар сатҳи баланд сурат гирифта, ҷамъбасти он бо барномаҳои фарҳангӣ рӯзҳои наздик ба нақша гирифта шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил