Танзими расму оин аз нигоҳи ҷавонон

«…То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳар як санади қонунгузории кишвар баҳри беҳбуд бахшидани соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа нигаронида шудааст.Имрӯз дар тамоми қишри ҷомеаи ватани азизамон мавзӯи баҳси меҳварӣ ин таҳияи қонуни нав дар бораи«Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Мо ҷавонони созандаву бунёдкори тоҷик он тағйироту иловаҳое, ки ба қонун ворид карда мешавад боз ҳам барои беҳтару хубтар шудани некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон аст ва онро мардум хуб пазируфта дастгири карда истодаанд. Аллакай мардуми Суғдзамин маъракаи домодталабонро бо оилаи худ ва тарафи домод дар хонаҳояшон гузаронида истодаанд. Зеро дар баргузории маъракаҳо зиёдаравӣ накарда, ба хароҷоти зиёдатӣ, исрофкорӣ даст назадан ва дар доираи имконият ва тавоноии худ ҷашну маросимҳояшонро барпо кардани мардум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ягон нафар шаҳрвандро муваззаф намесозад, ки аз қудрату тавоноияш бештар дастархон орояд. Тавре шори шаҳир Саъдии Шерозӣ мефармоянд:

Аз андоза бартар манеҳ пои хеш,

Хирадро нигаҳ дор дар ҷои хеш!

Мо устодон ва алалхусус занони факултети забонҳои шарқ лоиҳаи қонуни мазкурро дар ҷаласаи Шӯрои бонувон, ки дар моҳи август баргузор гардид таҳлил ва баррасӣ намудем. Ҳамаи он тағйироту иловаҳое, ки дар қонуни нав оварда шудааст барои дастгирии мардум, барои беҳтар намудани иқтисодлиёти оила ва ба як танзими муайян даровардани маъракаҳои мардумӣ равона шудааст. Табиист, ки ҳар як қонун ва ё талаботе, ки барои мардуми ин ё он миллат таҳия мешавад, ин пеш аз ҳама барои беҳбудии зиндагии мардуми ҳамон миллат нигаронида мешавад. Ҷаноби Олӣ дар баромадашон дуруст қайд карданд, ки барои амалӣ шудани ин қонун занон ва модарони тоҷик бояд саҳгузор бошанд. Мо устодон тасмим гирифтем, ки ин тараф на танҳо ба маъракаҳои тӯю мотами устодон комиссияи корӣ ташкил мекунем, балки барои маъракаҳои донишҷӯёнамон низ бо ташрифоварии корӣ, яъне аъзои комиссияи корӣ ташкил намуда, ба маъракаи онҳо сафарбар мешавем. Ҳамаи ин чораҷӯиҳо барои салоҳи кор мебошад.

Шарипова М. – дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ