Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тақозои замон
Рузҳои охир аз сомонаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна сару садоҳое мешунавем, ки як гурух шахсиятҳо барои вайрон намудани расму оин аз тарафи давлату Ҳукумат ҷазоҳо пешбинӣ карда шудааст, норозигӣ баён доранд. Ҳоло ин ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами кишвар мухтарам Эмомалӣ Рахмон барои беҳбудии хар як сокини кишвар танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро зарурат донистанд. Қонуни мазкур ба тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ эхтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон равона гардидааст.
Он тую маъракаҳое, ки солҳои пеш сурат мегирифт ба монанди маъракаи фотеҳаи туй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, ҷойгаштак, раисталбон, ноншиканон, рубинон, ҷашн гирифтани зодруз ва монанди инҳо ба буҷети оила бисёр зарар мерасонид. Бисёр хуб шуд, ки ҳамаи ин аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба танзим дароварда шуд. Ин танзими пешгирифтаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳбудӣ барои оилаю ҷомеа гардид. Ҳама гуна кору амали мо танҳо маҳсули тафаккури худи мост. Аз ин мебарояд, ки агар ба гузаштаи зиндагии худ нигоҳ кунем эҳсос мекунем, ки солҳои зиёд чи амалҳои беҳикматеро дар рузгорамон роҳ дода будем. Ва имруз мардуми бомаърифат ва бофарҳанг дар зиндагӣ ва маъракаҳои худ низоми давлатиро роҳандози намудааст. Вале боз мебинем, ки баъзе аз шахсиятҳо ҳоло ҳам қонуншиканӣ мекунанд ва аз расму оинҳои миллӣ бархурдории маҳдуд доранд. Сари ин масъалаҳо чи кадар сухан кунем кам аст. Шахсан ман тарафдори онам, ки он шахсоне, ки нисбати танзими расму оини ҶумҳурииТоҷикистон қонуншиканӣ мекунанд аз тарафи давлату Ҳукумат ҷазо дода шавад, зеро конун барои ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон як аст. Ва ба қавле ҳама бояд барои беҳбудии ҷомеа аз як гиребон сар барорем.
Авангард