Танқиди ватанфурӯшии аъзои ТЭТ ҲНИ
Ватан сар мешавад аз меҳри модар,
Ватан сар мешавад аз гаҳвора.
Ҳақ бар ҷониби шоире, ки масъулияти Ватану ватандориро барои ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқ боз ҳам қувват мебахшад. Ватандорӣ аз синни навзодӣ, аз гаҳвора, аз меҳру муҳаббати волидайн, аз иззату эҳтироми якдигар, аз ободию осоиштагӣ маншаъ мегирад. Шахсе, ки ватандор аст, вазифадор аст, ки замину хоки авлодиашро, макону маскани зисташро, ки аз гузаштагон мерос мондааст ва амонати Худованд дар назди бандагони шарифаш мебошад поку беолоиш нигоҳ дорад, ҳимоя намояд, ҳифз кунад ва неъмати муқаддас донад.
Дар урфият мегӯянд, ки “Хиёнат ба амонат гуноҳи кабира аст” ва ана ҳамон амонате, ки яъне ВАТАН-и маҳбубе, ки Худованд ба ҳар яки мо бандагон додааст, хиёнат накунем. Шукри тинҷию осоиштагӣ ва оромию ободӣ кунем, дар ҳаққи подшоҳи замон, султони одил дуо гуем.
Ба дасти душманони хоин ҳеҷ гоҳ меросамонро, Ватанамонро надиҳем ва нагузорем, ки хонаи умеди дили ҳар яки моро касе соҳиб нашавад ва танҳо мизбони доимии он худи ватандорон бошанд. Ин масъулияту ӯҳдадорӣ ва вазифаи ҷонии худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем.
Саидхоҷаева М.А.