Таҷлили идҳои давлатӣ инъикосткунандаи фарҳанги волои мост!

Боиси хушнудист, ки солҳои охир идҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуда, фарҳанги нотакрор ва волои халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Бозёфтҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки тоҷикон воқеан яке аз халқҳои қадимтарини минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, тавонистанд фарҳанги оламшумули худро нигоҳ доранд ва онро ба наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо аз худ боқӣ гузоранд. Имрӯз Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рушди соҳаи фарҳангро яке ҳадафҳои авлавиятноки сиёсати давлатӣ шуморида, нигоҳ доштани анънаҳои миллӣ ва расму оини тоҷиконро вазифаи аввлиндараҷаи роҳбарият ва ҳар як фарди ба нангу номуси мамлакат мешуморад. Дар сатҳи баланд таҷлил намудани идҳои давлатӣ, ки фарҳанги волои халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, аз ҳамин нуқтаи назар бар меояд.

Лекин имрӯз баъзе ашхосе пайдо мешаванд, ки дар сатҳи баланд баргузор шудани идҳои давлатиро нодуруст мешуморанд ва маблағзои ба онҳо масрафмешударо мувофиқи мақсад намеҳисобанд.

Бояд зикр намуд, ки чунин нуқтаи назарро дастгирӣ намудан ғайриимкон аст. Зеро маҳз тавассути тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни ҷаҳонии хеш мо метавонем насли наврас ва ҷавонони кишварро, ки зиёда 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дар руҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ тарбия намоем, дар онҳо ҳисси худшиносии миллиро бедор созем. Дар ҳақиқат ҷавонон қувваи созанда ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост. Лекин танҳо ҷавонони соҳиби илму маърифат ва нексиришту озодандеш метавонанд саҳми арзандаи худро дар пешрафти диёри куҳанбунёди хеш гузошта бошанд.

Камолиддини Раҷабзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ