Таҳдидҳои ТТЭ Ҳизби ифротии наҳзати ислом ба амнияти давлатии Тоҷикистон

Терроризм ва экстремизм аз мудҳиштарин падида­ҳоест, ки ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон новобаста аз сатҳи тараққиёт, дараҷаи иқтисодиёт таҳдид дорад. Боиси таассуф аст, ки объекти террор на шахсони алоҳидаву сиёсатмадорони касбӣ, балки гуруҳи одамони ба сиёсат сарукорнадошта қарор дода мешаванд. Мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки «ақидаи ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротии динии муосир силоҳи муборизаи геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати ба Тоҷикистон роҳ ёфтани онҳо, кишвари соҳибихтиёрамон ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил меёбад».

Бинобар ин, мо набояд таҳдидро барои доман паҳн кардани ин гуруҳҳо ба кишвари азизамон роҳ диҳем. Мардуми тоҷик даҳшатҳои ҷанги таҳмилиро бо чашми сар дидаву оқибатҳои онро ба мизони андеша кашидаанд. Агар аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зиёда аз бист сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз таъсири манфии он ба пешравию иқтисодиёти кишвар эҳсос мешавад. Ҳанӯзам талафоти ҷонии он ҳасратовару доғи дили модарон назудуда аст. Онҳое, ки ин воқеаҳои даҳшатборро дидаанду бо мурури замон таҳмил шудани афкори бегонагонро пиндошта, бародарро бо бародар ҷангандозӣ намуданашонро дарк кардаанд. Аз ин рӯ, намегузоранд, ки Тоҷикистони азизамон дубора ба доми оташ кашида шуда, майдони муборизаҳои сиёсии кишварҳои бартариҷӯяндаи олам гардад.

Маълум аст, ки солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ беш аз пеш авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба масъалаи ҷиддии инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.

Мутаассифона, аз паҳншавии чунин гуруҳҳои пасттиннат разилон ва хиёнаткорони ватан кишвари ободу сулҳпарвари тоҷик бар канор нест. Аммо ташвишовар он аст, ки тифли раҳомузи он давра имрӯз ҷавони 20 сола – субъекти муносибатҳои сиёсӣ гардид. Ҷавоне, ки даҳшати рӯзҳои ҷанги шаҳрвандиро надидаву эҳсос ҳам накардааст. Бинобар ин ҳар гуна гуруҳҳои ифротгарову тундрав аз ҳисоби чунин ҷавонон ғанимат ва маккорона истифода мебаранд, ки ин аз нигоҳи банда нишони фитрати пастии инсон ва бешарафист!

Омили дигари таъсиррасонанда ба густариши терроризму экстремизм дар Тоҷикистон - майл доштани ҷавонон ба заҳмати андаку даромади зиёд аст. Мардум бештар зери ваъдаҳои бардуруғ фирефтаи ин қабил гуруҳҳо гардида, то Сурияву Ироқ овораву саргардон мешаванд.

Дар байни фирефтагони гуруҳҳои ифротгаро имрӯз бешар муҳоҷирони ҷавон қарор доранд. Ба доми муборизаҳои худ кашидани шаҳрвандони берун аз ватан шаҳодатгари онанд, ки дар дохил сокинон аз воқеияти ҳол огоҳии бештар доранд.

Ҳамаи ин аз сатҳи пасти шуурнокӣ, дониши сиёсӣ ва маърифати динии баъзе аз афроди ҷомеа шаҳодат медиҳад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рӯй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати собиқ ҲНИТ, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

Бо ин гуфтаҳои худ, мо зидди фаъолияти ташкилотҳои динӣ нестем. Аммо пӯшида нест, ки мақсади асосии ҳизб - ба даст овардан ва истифодаи ҳокимияти сиёсӣ аст. Ҳадафи асосии Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати ислом бошад, ташкили «Давлати исломӣ» аст, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз тарафи дигар, маҳз дар давлатҳои динӣ аз қабили Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Куввайт, Ливия, Уммон, Эрон, Ватикан ва ғайраҳо ташкили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳо қонунан манъ аст. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурӯҳҳое, ки ба гирифтани ҳокимият нигаронида шудааст, зид мебошад. Пас чаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Наҳзати ислом ҳизби сиёсӣ ташкил карда шуда буд. Магар ин бар зидди арзишҳои исломӣ нест? Дар сурати фаъолияти қонуниашон чаро аъзоёни ин ҳизб он байни ҷавонон андешаҳои ҳақиқии исломро тарғиб наменамуданд. Барои чӣ нисбати ҳодисаҳои ғайриинсонию ваҳшии Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия, Фаронса беэътиноӣ зоҳир менамуданд?. Агар аъзоёни собиқ ҲНИТ ҳидоятгари роҳи рост мебуданд, ба манфиати давлат ва ҷамъият фаъолият мебурданд. Мутаассифона, маҳз ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни динӣ боиси гумроҳии ҷавонони тоҷик гашта истодааст. Маҳз тавассути чунин гуруҳҳо ҷавонони ноогоҳ аз асли ислом аз номи ислом бар зидди ислом мубориза мебаранд. Ин ҳодиса боиси паст шудани имиҷи ислом дар ҷаҳон мегардад. Ба ҳамаи ин гумроҳиҳои ҷавонон кӣ ҷавобгар аст, агар ҳизби аз номи ислом баромадкунанда арзишҳои ҳақиқии исломро паҳн карда натавонад ё баръакс пинҳон созад, аз ин қабил гуруҳ чи суд?

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом аз меҳвари манфиатҳои миллӣ берун буда, ба ақидаҳои ифротӣ наздик аст. Ҷавонони равшанфикр ба дурустӣ дарёфтаанд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ғайр аз таблиғи ғояҳои сиёсӣ ҳадафи дигаре надорад. Имрӯз дар тамоми шабакаҳои Интернетӣ ҷавонони зиёде фирефтаи ваъдаҳои зиёди роҳбарияти ин ҳизби сиёсӣ шуда, ҳамсафону ҳамраҳони худро гумроҳ месозанд. Дар чашму зеҳни ҷавонон аз бунёди хаёлии давлату кишвари афсонавие сурату маводҳоро ҷилвагар сохта, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳиб­ис­тиқ­­лолро хурду ҳақир ва ночиз нишон медиҳанд. Фаъо­лияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва пинҳонкориҳои аъзоёни таблиғгару сияҳкори он тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварда истодааст. Ҳизбе, ки барномаи худро бо мақ­сади таҳкими ғояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявиятгаро ва демократихоҳ навишта буд, акси он амал мекард.

Намунаи барҷастаи онро мо метавонем бевосита аз кирдорҳои хиёнатомезу хоинонаи ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом мушоҳида карда бошем. Воридшавии аъзоёни Ҳизби наҳзат А.М.Назарзода бо гуруҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва кисми ҳарбии № 17651, ба таври зӯрӣ тасарруфи силоҳҳои оташфишон, лавозимотҳои ҷангӣ, ташкили ҳуҷуми мусаллаҳона бо оқибатҳои фоҷиабор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ аз қабили Қасри миллат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ Баҳористон, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ШКД-и шаҳри Ваҳдат; дар кӯпруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак бардоштани парчами ташкилоти террористиву экстремистии «Давлати исломӣ», барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зӯроварии ба ҳаёт хавфнок шаҳодатгари гуфтаҳои болост. Далелҳои раднопазири даст доштани аъзоёни ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом бо ҷалби беш аз 50 нафар дар ташкил ва гузаронидани ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин, 17 нафар дар даст доштани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба монанди таъсиси иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, экстреместӣ, даъватҳои оммавӣ барои тағйири сохти конститутсионӣ мавҷуд аст.

Бешак, бо чунин бурҳони возеҳу шикастнопазир Ҳизби наҳзати ислом дар радифи ташкилотҳои терроситӣ-экстремистии «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвонул муслимин», «Аносоруллоҳ», «Ҳизбут таҳрир» қарор мегирад.

Новобаста аз ҳамаи ин, дасисаҳои даҳшатангезу коркарди мафкураи сиёсӣ дар дохил ин гуруҳи ваҳдатшикану мансабхоҳ муваффақ нагардид. Аз як тараф, фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ бошад, аз тарафи дигар солимфикрони ҷомеа тавонистанд, ҳадфҳои аслии Ҳизби наҳзати исломро ифшо карда бошанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, имрӯз ҳам ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом то ҳол кӯшиш дорад, дар Тоҷикистон сохтори конститутсиониро тағйир диҳад. Дар ин роҳ ба Кабирӣ ва пайравони ӯ ҳатто паст кардани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ монеа шуда наметавонад. Бардоштани масъалаи муносибати Тоҷикистон ба ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом дар ҷаласаи Женева оид ба Ҳуқуқи инсон ва демократия ва дар асоси он муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми шаҳрвандон нодуруст нишон додан амали разилона арзёбӣ мегардад. Бо баробари дар арсаи байналхалқӣ беасос танқид кардани низоми идоракунии Тоҷикистон, фаъолияти ҳукумату мақомоти судӣ ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ мехоҳад ба амнияти кишвари ободу соҳибистиқлоли азизамон таҳдид карда бошад. Ин боз як фитнаи дигар дар баробари иғвоангезиҳои фавқуззикр мебошад.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳақиқат ҳамеша пойдор мемонад. Аз ин рӯ ҳар як ҳиллаи ТЭТ Ҳизби наҳзат ҳадафи аслии ҷангхоҳона доштани онҳоро нишон медиҳад. Зеро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар саросари кишвар пурра химоя гардида истодааст. Ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, зиёд шудани хусусигардонии моликияти давлатӣ, дар саросари кишвар қомат афрохтани биноҳои боҳашамати замонавӣ, ташаккули бизнеси хурду миёна, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум, афзудани пасандозҳои бонкии аҳолӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти 6 ҳизби сиёсии оппозитсионӣ ба таври барҷаста нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат шаҳрвандон аз ҳуқуқу озодиҳои хеш пурра бархурдор мебошанд.

Дида натавонистани зиндагии осудаҳолонаи мардум, ободиву тараққиёти босуръати кишвар, ташаббусҳои беназири ҷаҳонӣ дар ҳалли муаммоҳои умумибашарӣ таҳти сарварии ҳукумати амалкардаистода нишон медиҳад, ки соҳибихтиёрӣ, якпорчагӣ, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба манфиати ин гуруҳ нест.

Хиёнат ба ватан, сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ, таҳдиди амнияти миллӣ-давлатӣ, ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо ҳар гуна фитнаву дасиса, хуллас, манфиатпарастиву мансабталошӣ бо хуну ҷони ҳазорҳо шахсони бегуноҳу ноогоҳ роҳи пешгирифтаи онҳо мебошад. Пушида нест, ки дар роҳи расидан ба мақсад барои ТЭТ ҳизби Наҳзати ислом қурбонии одамон монеа нест. Ба онҳо фарқе надорад, ки як кишвари ободу гул-гул шукуфон пора мегардад, ё як миллати куҳанбунёд ба фано мерасад. Муҳим ҳадафи дар пеш гузошта, ки волотар аст.

Агар ба барномаи стратегии ин ҳизб нигоҳ кунем, маълум мегардад, ки бо сарварии чунин шахсиятҳо ба ҷуз масҷидсозӣ, тарғиби намозхонӣ, меъёрикунонии рукнҳои ислом, ки бар хилофи нишондодҳои моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар кишвари азизи мо як зарра ободие ба вуқӯъ намеояд.

Дар Ҷумҳурии демократӣ ягон шахсони мансабдор ва гурҳҳои ҳукумрон ҳуқуқи тағйири масири сиёсиро надоранд. Ин ба иродаи халқ вобаста аст. Дар тартиботи демократӣ ба ҳолати сиёсии одамон бояд диққати хоса дода шавад, сиёсати ҳокимон бештар ба манфиати одамон нигарон бошад, ҳуқуқу озодиҳои шахс ҳамаҷониба ҳифз гардад. Назардошти тағирдиҳии сохтори сиёсии Тоҷикистон дар барномаи сиёсӣ ошкоро нишон медиҳад, ки ин гуруҳ нисбат ба халқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо бетараф мебошад. Агар ҳокимиятро ба даст оваранд онҳо ба душмани халқ табдил ёфта, дигар зарурат ба вонамудсозии раиятпарварии пасипардагиашаон намемонад. Доштани ҳадафи зиддиконститутсионӣ худ шаҳодатгари он аст, ки бо соҳиб шудани ҳокимият низ хунрезиҳову ошубаҳо дар байни ҷомеа идома меёбанд.

Аз тарафи дигар, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чи маскуни дохил ва чи маскуни хориҷи кишвар бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки дар Тоҷикистон ташкили давлати динӣ, хусусан исломӣ таҳдид ба амнияти давлатӣ-миллӣ дорад. Зеро дар мамлакати мо, новобаста аз он ки бештари аҳолӣ пайравони дини ислом ҳастанд, мардум ба равияҳои гуногун ба монанди суннӣ ва шиа эътиқод доранд. Таҷрибаи давлатдории динии мамлакатҳои гуногуни олам, ки сокинонаш эътиқодмандони шохаҳои гуногуни як дин мебошанд, нишон медиҳанд, ки ин модели давлатдорӣ бештар ба таназзул меорад. Ҳол он ки дар Тоҷикистон пайравони динҳои ғайр аз ислом низ маскун мебошанд. Маҳз давлатдории дунявӣ имконияти интихоби озодонаи дин ва иҷрои маросимҳои диниро ба ҳар як шаҳрванд дар асоси ба эътибор гирифтани майлу рағбат дода метавонад.

Шарти муҳим ва асосӣ ин ба таври умумӣ дарк намудани масъалаҳое баррасишуда мебошанд, ки фаҳми нодурусти онҳо ба тақдири мардуми тоҷик таъсири ҷиддию ҳалокатовар дорад.

Аз ин рӯ мо бояд пайваста аз паи баланд бардоштани маърифати сиёсӣ бошему муҳофизи фаъоли ватан, муборизи роҳи рост ва тарғибгари ваҳдати миллӣ бошем. Нагузорем, ки ба доми найрангҳои ТЭТ ҲНИ гирифтор шавем. Бигзор Парчами давлатии Тоҷикис­тон дар саросари кишвар ва берун аз он парфишонӣ намояд.

Даъвати Ҳизби ифротии наҳзати ислом барои халадор сохатани ваҳдати миллӣ ва шикастани пояҳои итиқлолият аз ҳар як шахс, оила, гурӯҳи иҷтимоӣ ва умуман ҷамъият ҳама вақт зиракии сиёсиро талаб менамояд.

Умед бар он мебандем, ки муҳиммияти дар тақдири ояндаи ватан, амну осоиштагӣ ва ҳукмфармоии ваҳдати миллӣ, ҳамбастагӣ, ҷаҳду ҷадал ва масъулияти баланду маърифати сиёсии ҷомеаро мардум то ба қадри зарурӣ дарк намуда, бо донишу заковат, хираду матонат сипари ватан мегарданд.

Комилова З., устоди ДДХ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ