Таассуф аз кирдори хеш
Шарофиддин Гадоев, ки худро дар гузашта ҳамчун ҳамоҳангсози ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» эълон намуда, дар хориҷи кишвар бо ҳисси адоват ва хусумату бадхоҳӣ ба сулҳу суботи меҳани азизамон дар роҳи фанои ваҳдати миллӣ нақшаҳо мекашид, бо надомат ба ватан баргашт. Ӯ дар изҳороти хеш иброз намудааст: «ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам». Аслан, рафтори ин қабил бехирадон, ноинсофон, бевиҷдону носипосон дар ҷомеа мавриди сарзанишу мазаммат қарор гирифта, пурра маҳкум карда мешавад. Хиёнат ба ватан, ба давлату миллати гаронқадр, ноёбу муътабар нобахшиданиву гузаштнопазир аст. Зеро Ватан, калимаи зебову ҳучастае аст, ки бо шунидани он хонаву дар, гахвора ва модар пеши назар меояд. Хиёнат ба Ватан магар хиёнат ба модар нест?Бале, Ватан сарнавишту қисмати хар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст.
Миллати мо Темурмалику Деваштичу Восеъ, Нусратуллову Шириншоҳу Бобоҷон Ғафуров барин қаҳрамонҳои ҷонфидои хешро дар саҳифаи заррини таърих ҳамчун содиқони диёр то ин дам сабт карда бошад, имрӯз вақти он фаро расидааст, то номҳои Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Илҳомҷон Ёқубов, Саидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин барин ватанфурӯшону авомфиребонро дар саҳифаи сиёҳи таърих сабт намояд.
Мутаассифона, кам афроде пайдо мешавад, ки гуноҳи худро ба гарданаш гирифта, то он даме ки фурасат ғанимат аст, аз пайи ислоҳи он шавад. Амали Шарофиддин Гадоев бо иқрори гуноҳи хеш аз зумраи чунин рафтор аст. Зеро ӯ дар изҳороти худ инчунин даъват ба амал баровардааст, то дигар аъзоёни Паймони зиддимиллӣ низ баҳри ободиву осудагии диёрамон аз раъйи вайронкорӣ, зараррасонӣ баргарданд. Дар пайравӣ бо даъвати Шарофиддин Гадоев мо низ баҳри истиқлолу озодӣ, пояндагии ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори иқтисодии кишвари азизамон, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ, гузоштани қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи обод ва орому осуда даъват менамоем, то дигарон низ ин роҳи хоинӣ даст кашанд.
Мутаассифона, ин рафтори Шарофиддин Гадоев душманони ваҳдати миллиро ба хашм овард. Агар номбурда санаи 15-уми феврали соли 2019 бо изҳори таассуф аз кирдори хеш ба ватан баргашта бошад,фавран санаи 16-уми феврал садорати ҷунбиши иғвоангезандаи «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» Алишер Абдураҳмоновро ба вазифаи ӯ баргузид.
Аз ин рӯ месазад, ки ҳар як фарди худогоҳи мамлакат дар тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳое, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, саҳмгузор бошанд ва нагузоранд, ки онҳо ба доми хоинони давлату миллат кашида шаванд.
Ммудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ