СУЖАҲОИ ХАЁЛИИ ФИЛМҲОИ ТУРКӢ ВА НАҚШҲОИ ВОҚЕИИ КАБИРӢ

Баргузории гирдиҳамоии ташкилнамудаи ТЭТ ҲНИ дарОлмон беихтиёр ба хотирам лаҳзаҳое аз чанд сериалҳои туркиро овард, ки чанд гоҳест тавассути тарҷума намоиш дода мешавад. Аз ҷумла, дар яке аз чунин сериолҳо, ки ба воситаи тарҷумаҳои тоҷикӣ бо номи “Қавл” ба тамошо гузошта мешавад, образҳои марказии он марде мулаққаб бо “Чулоқ” аст, ки вазифаи аслии ӯ бо гирифтани маблағ аз сӯи хоҷагонаш бо ҷамъоварии як гуруҳи хурди одамон ва ташкил намудани ҳар гуна ҳамоишҳои эътирозии бардуруғ бар муқобили давлати хеш, яъне Туркия ва бадном намудани миллати турк, ташкили амалҳои террористиву экстремистӣ дар марзҳои давлати худ ва дар умум ба вуҷуд овардани нооромиҳо ба шумор меравад. Ҷолиб он аст, ки ҳаргоҳ ҳатто вақте ки барномаҳояш шикаст мехуранд ва ҳадафҳои нопокаш ошкор мегарданд, ӯ боз ҳам бешармона ба хоҷаи бузурги хеш муроҷиат намуда, пул мехоҳад ва боз ваъда медиҳанд, ки ин бор хато намекунад, яъне бар ивази пулу сарвату мол омода ҳаст, ки бар муқобили давлат ва миллати хеш ҳамагуна разолатро раво бинад. Аҷибаш он аст, ки ҳатто вақте аз боварии хоҷагонаш ҳам мебарояд, бозам дар фикри он аст, ки садоқаташро нишон диҳад, то ки собит намояд, ки гӯё ӯ ҳанузам ҳаст ва метавонад садо баланд намояд. Одатан дар бисёр филмномаҳо менависанд, ки ҳодисаву воқеаҳо ва қаҳрамонҳои онҳо бофтаву хаёлӣ ҳастанд ва маҳсули эҷоди муаллифони асар мебошанд. Вале чун гирдиоҳамоии Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар Олмон доир шуд, ба хотир омадани сериали мазкури туркӣ ва силсилафилмҳои ҳамсони он бесабаб набуд, зеро дар воқеият он ҳама тахайюли филмномавӣ дар симои Кабирӣ ва думравони вай руи саҳнаи воқеият ба мушоҳида расид.

Тавре таъкид гардид, суханрониҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ҳодисаҳои ҳамон филмномаи “Қавл”, махсусан ҳамон “қахрамонон”-ро, ки бо баргузор намудани чунин гирдиҳамоиҳо ва дигар амалҳои номатлуби муқобили давлат ва миллати хеш назди хоҷагони худ ҳисобот медоданд ва ҳатто дар сурати бенатиҷа ва беасар анҷомидани онҳо ё ошкор гардидани асрори пинҳониашон боз ҳам мехостанд, дигарбора садоқати хешро ба бузургонашон нишон диҳанд, ба таври воқеи нишон медоданд. Аслан, дар ҷараёни таълими адабиёт мо борҳо ба донишҷуён мегуем, ки ҳар навъи ҳунар, ҳатто синамо пайванд ба воқеият дорад, ҳарчанд худи нависандагону офаринандагони осори бадеӣ онро маҳсули хаёл медонанд. Вале гирдиҳамоии охири Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, инчунин чандин нишасту барномаҳое, ки давоми чанд моҳи охир дар Аврупо доир намуданд, бори дигар назари моро бар ин қоидаи маъмулии шинохти синамову филму адабиёт мутмаин гардонид, ки ҳама чиз, хоса филмномаҳо сарчашма дар воқеият доранд. Ва инро Кабирӣ бо ҳамроҳони хеш ҳамчун офаринандагони нақши филномаҳои муаллифони хориҷии собит намуд, ки чунин силсифилмҳо ҳаргиз бофтаву хаёлӣ набуда, балки сарчашма дар воқеиятҳое доранд, ки асли онро худи онон иҷро мекунанд. Баръакс, нақшофариву бозигариҳои Кабириву ҳаммаслакони ӯ омил мешаванд, ки чунин силсилафилмҳо дар асоси рафтору кирдори хиёнаткоронаи ин гурӯҳ ба миллат, ба Ватану давлат офарида шаванд, то ҷомеа нисбат ба ин гуна фарзандони нохалаф ва душмани миллат нафрат пайдо намуда, фирефтаву гумоштаи суханони пуч ва фиребкоронаи онон нагардад.

Кабирӣ аз бегуноҳии зиндониён сухан мекунад ва иддаи онро дорад, ки бояд онҳо авф карда шаванд. Ҳодисаи дар зиндони Хуҷанд ба вуқуъ пайваста бори дигар собит намуд, ки як гурӯҳе аз зиндониёни ифротишуда, ки бо гуноҳи пайвастан ба экстремизм ва терроризм ҳабс шудаанд, ҳатто дар фурсатҳои дар зиндон будан ҳам, аз амалҳои террористӣ ва экстремистии хеш даст накашида, ҳатто дар он ҷо ба ваҳшоният даст заданд. Бо ваҳшоният ба қатл расонидани ду тан аз маъмурони зиндон ва даст ба ошуб задан бо мақсади фирор ва анҷоми амалҳои террористӣ магар бахшиданист. Ба гумони мо бахшидани чунин нафарони ифротишуда баръакс хатар ба ҷомеа аст, чун мо аллакай тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз изҳороти хоҳари нафаре аз онҳо огоҳ шудем, ки давоми чанд сол аст, ба хонаводои хеш мушкилӣ эҷод намудааст ва ҳатто аз ҷабру ҷафои фарзанд волидайн яке бармаҳал аз ҳаёт гузаштаву дигаре солҳост бемор мебошад. Бо ин ҳама ӯ то охирин фурсат орзуи рафтан ба Сурия ва шаҳид шудан будаву тақдир ва сарнавишти падару модар барояш ҳеҷ аҳамияте надошта. Магар бо чунин ифротиён имкони гуфтугӯ ё андешидани тадбирҳои дигар ҳаст? Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлатӣ солҳо тамоми имкониятҳоро барои чунин афрод фароҳам оварданд, то аз роҳи худ баргаранд, борҳо ҳатто авф намуданд, пешниҳодҳои мушаххас барои фаро гирифта шудан ба таҳсил ва ё таъмин ба ҷои корро намуданд, вале онон бар асари гумошта шудан ё қурбони ҳадафҳои ТЭТ ҲНИ ва дигар созмонҳои террористӣ шудан, рӯи ин ҳама хубиву меҳрубониҳои давлат ва Ҳукумат пой гузошта, ҳадафҳои нопоки хешро авло шумориданд, ки ҳеҷ гоҳ ба аҳдофи худ нахоҳанд расид.

Имрӯз ки аксари ононе, ки дар хориҷи кишвар бар асари фиреб хурдан аз ваъдаҳои Кабирӣ ва ёрони ӯ пушаймон шуда ба Ватан бармегардад, аз чунин фазои орому осуда шукргузорӣ намуда, ба кору машғулияти озод таъмин мегарданд. Давоми чанд моҳи охир бар асари фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ нафарони зиёде аз ин роҳ баргашта, ба зиндагонии осоиштаи хеш машғуланд. Борҳо аз шабакаҳои телевизионӣ мушоҳида намудем, ки чӣ миқдор падару модар ва аҳи оилаи ин ашхоси баргашта ашки шодӣ мерезанд, ки дар ниҳоят ба дидори фарзандашон баргаштастаанд. Маърифати дурусти чунин шаҳрвандон ва бозгашти онҳо ба Ватан Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро ҳаргиз ором намегузорад ва ӯ маҷбур аст, ки бо истифода аз чунин маҳзакаву намоишномаҳо ба хоҷагонаш бори дигар ҳисобот диҳад, ки гӯё онҳо ҳоло ҳам кор карда истодаанд. Аммо ҷавонони оянданазару дурбин ва бомаърифати тоҷик, ки имрӯз дар кишварҳои Аврупо таҳсил ва кор мекунанд, қабл аз шуруи филмномаи Кабирӣ аллакай ба тамоми мардуми ҷаҳон нидо дардоданд, ки мавқеи Кабирӣ ҳаргиз мавқеи онҳо набуда ва нахоҳад буд. Онҳо аз фазои сулҳу субот дар Тоҷикистон шукрона доранд, зеро маҳз ҳамин суботу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ буд, имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ озодона таҳсил ва кор мекунанд. Аз ин рӯ, Ин танҳо як гирдиҳамоии чанд тан аз нафаронест, ки барои маблағҳои аз хоҷагони худ гирифта ҳисобот диҳанд ва тавассути ба навор гирифтани он мисли он қаҳрамони филмномаи туркӣ бигӯянд, ки ана баргузор шуд. Ва ин наворҳо ҳамакнун худашон гирифтаву тариқи сомонаҳои худиашон пахш карданд, чун ҳарчанд ҳангомаҳои зиёде доштанд аз қабл, ки ин гирдиҳамоиро чандин аз шабакаҳои телевизионии Аврупоӣ пахш хоҳанд кард, вале тирашон хок хурд. Албатта, дар ин шабакаҳои телевизионӣ коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ фаъолият мебаранд ва онҳо ба қавле ба аввалин сухан дарк мекунанд, ки ҳадаф чист ва поён он ба куҷо хоҳад рафт? Онҳо ҳам аз асли воқеа пай бурданд, ки ин гирдиҳамоӣ танҳо ҳисоботи солонаи Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯст, ки ба баҳонае дар моҳи декабр доир гардид...

Нуралӣ Нурзод Ходими илмии институти илмҳои

ҷомеашиносииДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ