Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонист

"…..инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг пеш аз ҳама ба рушди маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи насли наврас вобаста мебошад.»Эмомалӣ Раҳмон

Оре, илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест, ки ҳаёт бо он пайваста мебошад. Бе илм наметавон одам буд. Бе илм наметавон фарзанд тарбия кард ва дар қатори инсонҳои комил гаштугузор намуд. Шахсе, ки илм надорад, аз роҳи омӯзишу ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад, ки вучуд дорад, аммо нахлу умеди варо самар набувад. Шахси бофазл дар ҳамаи давру замонҳо соҳибиззат аст. Ӯро ҳамагон ҳамчун ҳидоятгар, пурдону маърифатомӯз иззату эҳтиром мекунанд. Албатта, ҳамаи ин нишонаҳои инсони комиланд, ки худ ба осонӣ ба кас муяссар намегарданд. Дар қатори мутолиа кардану омӯхтан, дониш андӯхтану ба дигарон тавсия кардани илму ҳунар инсони бофазлро мебояд, ки аз рӯи ҳамаи омӯхтаҳояш амал кунад, омӯхтаро дар ҳаёт мутобик кунанд, то натиҷаи заҳмати беандозааш самаре бубахшад.

Инсони бофазл мекӯшад, ки ҳамеша намунаи ибрати дигарон бошад, дар гуфтор, рафтор ва кирдору фаъолият аз дигарон фарқият дошта бошад. Соҳибилмон азият намекашанд, зеро онҳоро ақлу хиради омӯхтаашон роҳбаладӣ мекунад, аз камию костӣ эмин медорад, аз бадиҳо дур мегардонад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
Агар барои омӯхтани илму ҳунар накушӣ, мубориза набарӣ, ҳеч гоҳ наметавонӣ муроди дилро ба даст оварӣ, олиму тавонгар гардӣ. Ҳанӯз аз қадимулайём бузургон, донишмандон ва фозилони даҳр танҳо тавассути омӯзиш, мутолиаи фарҳанги ғании гузаштагонамон донишу маҳорати хешро сайкал дода, машҳур гардидаанд.

Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонист. Чунки инсон ба воситаи илм ба мартабаҳои баланд мерасад. Пешрафту тараққиёти ҷамъият низ ба илм вобастагӣ дорад. Омӯхтани илм омӯхтани асрори ҷаҳони пурроз аст. Омӯхтани илм тафовутдиҳандаи инсони комил аз дигар махлуқоти олам аст, ки ҳамаи бадбахтиҳоро раъф карда, зиндагиро таровату нур ва хушиву сурур мебахшад.

Агар хонандагон ва донишҷӯён аз илму дониши замони хеш бо хабар бошанд, ҳеҷ гоҳ дар пастиву баландии рӯзгор мушкилӣ намекашанд. Аз ин лиҳоз, бисёр кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки аз илму дониши замони хеш баҳравар бошанд.

Аз ин лиҳоз, ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш анъана шуд. Соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ бо як илҳоми баланд оғоз ёфт. Аз ин хотир, мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри истиқлолият, ваҳдат, сулҳ, оромӣ, дониш бирасем.Барои донишомӯзии ҳар фарди точикистонӣ имрӯз давлат вазифаи сиёсии худ медонад. Ҳоло барои омӯхтани илму адаб ба мо ҳамаи шароитҳо муҳайёст. Аз ин хотир, бояд ба қадри неъмати бузург, яъне донишомӯзӣ бирисем, то ватани азизи худро ободу зебо гардонем.

Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ