Сиёсати сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоем!
Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд. Воқеаҳои солҳои 90-уми карни гузашта исбот намудааст, ки ба сулху Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст мардуми шарафманди тоҷик.
Имрузҳо яке аз хатарҳои даҳшатборе, ки шурӯъаз ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддӣ ба амнияти ҷомеаи башарӣ терроризми байналмилалӣ рӯ ба рӯ гашт. Имрузҳо терроризим дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузури иҷтимои дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эъҷод менамояд.
Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар заминаи “Стратегитяи миллӣ оид ба мубориза бо ифротгароӣ-ро барои солҳои 2016-2020”-ро қабул намудааст.Яъне ин маънии онро дорад, ки Тоҷикистон барномаи мушаххаси худро дар ин самт дорост ва ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай роҳандози намудааст. Мо бояд аз Истиқлолияту озоди ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, ба давлати боҳибистиқлоламон содиқбошем, ҳамма сайъу талоши худро ба хотирипешрафту некӯаҳволи кишвари азизамон ва дар арсаибайналмилалӣ барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикиисони азиз кушиш намоем.
Яке аз чеҳраҳои намоёни ин паймон Саидюнуси Истаравшанӣ, сиёҳкунандаи номи Тољикистон дар арсаибайналхалқӣ ва муборизи фаъоли иғвоандозанда байни мардуми тољик аст. Майдони муборизањои ин нафаронишабакаи интернет қарор дода шудааст ва хар маводҳоеро, ки мехоҳанд руйи кор оварда истодаанд. Аз мадди назари чунин афродон ягон қадами ҳукуматдорон дур намемонад. Зеро аз њар амалу кирдори роњбарон бо сад фитнаву дасиса, бофтаву дуруғ, муболиғаҳои иғвоангезона месозанд.
Мардуми шарафманди тоҷик кайҳо ба ин дасисаҳо умуман боварӣ надорад ва чӣ қадаре метавонад бод дилу иродаи нек сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоядва кўшиш мекунад, ки ба боварии он касс сазовор гашта обрўву нуфузи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмиллалӣ баланд намояд.