Сиёсати кадрӣ чандин маротиба беҳтар гаштааст

Маҳалгароӣ ва ё маҳалбозӣ вокеан офате аст, ки барои ҳар миллат хатари ҷиддӣ дорад ва зарари ҷиддии онро солҳои 90-уми асри гузашта миллати мо ҳис кард. Аз сабаби маҳалбозӣ вамаҳалгароӣ таксим кардани сокинони Тоҷикистон ба шимоливу ҷанубӣ, помириву кўлобӣ ва ғайра арзи ҳастӣ кард. Аслан, барои ин корро кувват бахшидан аз зиёиён кувваҳои манфиатхоҳи беруна истифода карда буданд. Ба доми авомфиребии ин гуруҳҳои манфиатхоҳ чеҳраҳои шинохтаи илму адабу фарҳанги ҷумҳурӣ фаромада буданд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки худро деморат медонад, боз ин масъаларо зинда мекунад ва коҳи кўҳнаро бод медиҳад. То кунун ин кўри тирадил намедонад, ки ҳар суханаш барои сулҳу амнияти Тоҷикистон халал дорад. Вай дар як матлаби фейсбукияш сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистонро танкид мекунад ва аз шаҳри Исфара мисол меорад.

Аммо ў аз чизи дигар низ нодонӣ дорад. Кадрҳо дар маҳалли худ бояд фаъолият баранд, ин дуруст аст, аммо ҷой иваз кардани онҳо, рататсия низ яке аз сиёсати хуби давлатӣ аст, ки барои пешгирӣ аз коррупсия ва дигар амалҳои номатлуб амалӣ мегардад.

Чанде пеш ба ноҳияи Данғара сафар доштам ба яке аз кисмҳои низомӣ. Вакте ба кисм ворид гаштам, кумондон, хайати афсарон ҳама аз вилояти Суғд буданд. Магар данғарагиҳо намехоҳанд, ки дар зодгоҳи худ хидмат кунанд? Мехоҳанд, аммо шароити дигар маҳалро омўхтан ҳам як роҳи тарбияи кадрҳои миллӣ аст. Дар сохтори андозу прокуратураву дигар ниҳодҳои шимоли Тоҷикистон намояндагони минтакаҳои ҷануб омада фаъолият баранд, ба ин ба таври симметрӣ намояндагони вилояти Суғд дар ҷануби кишвар кори роҳбариро меомўзанд. Дигар масъалаи иваз кардани макони фаъолияти роҳтбарон ба он оварда мерасонад, ки дар зеҳни раҳбарон фарҳанг ва тарзи муносибат бо мардуми минтакаҳои гуногун накш мебандад ва хоҳ-нохоҳ худтарбиякунӣ ба амал меояд. Магар ин кори нодуруст аст?

Кўри Юнуси Истаравшанӣ, ки парвардаи Эрон аст, хуб медонад, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар ҳам як муаллим се сол дар як донишгоҳ фаъолият намебарад. Агар дар Исфаҳон фаъолият мебурда бошад, ҳатман ба Машҳад ва ё Теҳрон мефиристонанд. Дигар сохторҳо ҳам ҳамин тавр аст.

Дар як муддати муайян фарз кардем то солҳои 2000-ум ба хотири тинҷӣ ва оромии кишвар дар интихоби кадрҳо баъзе гузаштҳо карда шуда буд. Аммо дар солҳои охир ҳама шоҳиданд, ки дар макомоти роҳбарикунандаи шаҳру ноҳияҳо довталабон аз озмун мегузаранд. Ин механизм пуррагӣ амалӣ мешавад, аммо кўри Юнуси Истаравшанӣ инро нодида мегирад.

Дар интихоби кадрҳо ҳам сиёсати давлатӣ ба маротиб беҳтар гаштааст. Кадрҳои нав таъиншуда ва ҳолномаҳои онҳоро хубтар омўхта бароед, мутмаин мегардед, ки мардуми салоҳиятнок ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гаштаанд.

Дигар масъала дар он аст, ки кадрҳои хуби миллӣ мисли замбўруғ баъди борон пайдо намешаванд. Борҳо ин нуктаро Президенти кишвар таъкид кардаанд. Барои тарбия шудани кадрҳо на танҳо диплом, балки вакт, таҷриба, собикаи корӣ ҳам даркор аст, ки ин чун рўз равшан мебошад.

Ҳадаф аз ин суханон он аст, ки ҳангомаи навбатии Сайидюнуси кўри Истаравшанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бадномсозии ҳукумати кишвар асту бас.

И.Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ