Шунидан кай бувад…
Ин мақоли халқӣ ҷавобе аст ба ҳамаи он ҳое, киберун аз Ватан истода, дар бораи Ватан (Ҷумҳурии Тоҷикистон), пешравию тараққиёти он «фикр» мекунанду «хомаронӣ» менамоянд. Аз он ҷумла ба «модари ғамхори кўдакон» Шабнам Худойдодова. Ин гуна шахсони кўрнамакро ғамхориҳои аз давлату ҳукумат дидаашон кўру рўсияҳ менамояд. Худи Шумо кистед, Шабнам? Магар дар Тоҷикистон ба дунё наомадаед? Магар падару модари Шумо Тоҷикистонӣ набуданд? Магар дар мактаб нахондаед? Боз саволу саволҳои зиёде ҳастанд. Аммо маълум аст, ки Шумо гўши шунидан ва чашмидидан надоред. Ҳайф аст бо Шумо баҳс кардану вақтро гузаронидан. Маълум мешавад, ки майнаи Шуморо лексияҳои наҳзатиён олудаю заҳрнок намудааст. Шумо кўрнамак ҳастед ва ба қадри ғамхории Ватан ҳеҷ гоҳ намерасед. Дар суруде мегўянд, «кўрнамакро нони даҳонаш мекушад».
Ин аъмоли ғаразноки Шумо ҳеҷ гоҳ ба нишон намерасад, балки Шумо ва ҳамақидаҳоятонро дар охират низ рўсияҳ месозад. Дар як мақоли дигаре гуфта мешавад, ки як бор намак хўрдӣ, чил сол андеша кун! Аммо андешаи солим, муҳокимаронии ҳақиқӣ ба Шумо «наздик» нест. Мо дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар истодаем. Бо роҳбарии Президент, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат нақшаҳои зиёдибунёдкорию ободонӣқабул шудаюамалӣ гашта истодааст. Дар ду се соли оянда кишвари мо – Тоҷикистон боз ҳам ободу зебо мешавад, дар арсаи байналхалқӣ мавқеи худашро боз ҳамустувор хоҳад кард.Дар ҳаёти кўдакон низ дигаргуниҳоиазиме ба амал хоҳанд омад. Пас инҳоро дидаюшунида, Шумо чӣ кор мекунед? Маълум; чун мўйи дар оташ афтода ба худ печ мезанед, бўйи нофорамва дилбеҷокунанда ба ҳаво сар медиҳад. Ана, оқибати кори Шумо чун «муҳофизи ҳуқуқи кўдак». Албатта, мо ба он рўзи саодатбор ва хушоянд мерасем, аммо Шумо он рўз ҳамҳақиқатро қабул намекунед. Пас ҳаволатон ба Худо, ба «виҷдони» модаронатон, Хонуми хайрхоҳ!
Аҳли эҷоди рўзномаи
«Нури маърифат»