Шукргузорӣ аз даврони истиқлол !
Ба шарофати саъю кушиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он бахри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хоричӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустахкам ба вуҷуд овард. Бояи ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу амният аст, назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моҷрии рӯзгори мардум пеш рафт ва оммаҳои халқро бештар фаро гирифт. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат ба суи ваҳдати миллӣ буд. Ба вуҷуд овардани муҳити ҳарчи бештари мусоид барои ҳалли масъалаҳои дохилии кишвар самти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, ҳимоя ва таъмини манфиатҳои олии давлат ва миллатамон дар арсаи байналхалқӣ дар маркази ин сиёсат буд ва хоҳад монд. Имрўз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Точикистон дар солхои истиклолият бидуни душвориҳо ва ноҳамвориҳои роҳи тараққиёт дар сохахои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти
ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем.
Албатта, беҳуда нест, ки ин қишри ҷомеаро чун ояндагони миллат ва сутуни нигаҳдорандаи арзишҳои давлатии миллӣ эътироф намудаанд.
Ин аст, ки эътирозҳое, ки дар сомонаҳо ва дар қайди пулли миллӣ ашхосе сабт мекунанд, аввал ба таърих нигаред, ки мо кадом давраҳо аз сар гузаронидем. Чунин эътирозҳои бемаъниро албатта, шахсоне, ки чунин даҳшатҳои солҳои 90-умро аз сар нагузаронидааст, шояд он дарде, ки халқи азияткашида дошт начашидааст сабт намудааст.
Имрўз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Шукргузорӣ аз даврони истиқлол кунед, ҳамватанони азиз!
Омӯзгори кафедраи фалсафа