Шарофиддин Гадоев воқеан ба хатогии худ иқрор шуд….
Субҳи 15 феврали соли равон дар интернет маълумоти ба Ватан баргаштани яке аз сардорони ҷунбиши ба ном «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҷой карда шуд. Дертар дар шабакаи интернет навори махсус ҷой дода шуд, ки мӯҳтавои он роҳи нодуруст ва хатарнокро интихоб намудани Ш. Гадоев буд. Дар навор худи Ш. Гадоев баромад намуда, изҳор доштааст, ки воқеан ӯро роҳгум кардаанд ва барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода бурдаанд. Ӯ инчунин таъкид намудааст, ки тӯли зиёда аз шаш соли дурӣ аз Тоҷикистон, дар ин ҷо дигаргуниҳои куллӣ, ки барои баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намудааст, ба вуқӯъ омадаанд. Аз ин лиҳоз, ӯ аз ҷавонони кишвар даъват ба амал овардааст, ки фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи баъзе аз ашхоси кӯтоҳандеш нагарданд ва доимо дар фикри ободонии давлат бошанд.
Ҳамзамон фаъолони дигари ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъшуда изҳор доштанд, ки гӯё Ш. Гадоевро кормандони мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дастгир намуда, ба Душанбе оварданд. Онҳо бовар надоранд, ки Ш. Гадоев бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргаштааст. Аз ин сабаб онҳоро зарурат пеш омадааст, ки ба ҷои Ш. Гадоев Алишер Абдураҳмоновро роҳбари нави ҷунбиши номбурда таъин намоянд. Илова бар ин, садорати ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъшуда изҳор доштанд, ки рӯзҳои наздик «барои изҳори эътирози худ ва ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба моҷароҳои одамрабоии Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамдастии мақомоти Русия, силсилаи намоишҳои эътирозиро дар пешорӯи сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Русия дар кишварҳои аврупоӣ ба роҳ хоҳад монд».
Бояд таъкид намуд, ки имрӯз мутаасифона, тамоми ҷидду ҷаҳди садорати ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъшуда барои сиёҳ кардани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Бо истифода аз далелҳои бардурӯғ мехоҳанд таваҷҷӯҳи оламиёнро ба ин масъала ҷалб намоянд ва ба ин васила ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Аммо Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ ба ҷаҳониён собит сохт, ки вай доимо ҷонибдори бунёди давлати воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст.
Имрӯз муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳони хориҷӣ аз рӯи принсипи эҳтироми манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, барои рушди устувори кишвар равона гардиданд. Сиёсати муваффақи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд рафтани обрӯ ва мақоми он дар сатҳи байналмиллалӣ мусоидат намуд. Солҳои охир нишондиҳандаи афзоиши ҳамасолаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон яке аз баландтарин дар сатҳи ҷаҳонӣ боқӣ монда, дар расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар нақши назаррас дорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба ояндаи кишвар бо назари нек нигоҳ намуда, итминони комил доранд, ки солҳои наздик шарту шароити зиндагонӣ боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад гашт.
Холдоров О.-сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ