Шарофиддин Гадоев ором шинед!

Тибқи гузориши баъзе аз шабакаҳои интернетӣ субҳи 2 марти соли равон Шарофиддин Гадоев ба Франкфурти Олмон баргашт.

Гуфтан бамаврид аст, ки вай санаи 15 феврал дар Душанбе пайдо шуд. Сабаб аз омадани вай ба Душанбе дар чӣ буд? Агар ин рафтори Шарофиддин Гадоевро мушоҳида кунем мебинем, ки вай боз ҳам аз ҳамон кирдорҳои нохалафи худ, ки дар Аврупо зиста бар зидди Ватани худ баромад мекард, даст накашидааст. Аз ин бармеояд, ки он ҳама гуфтаҳои вай, кирдорҳояш сохтакории худи ў буда, бо ин роҳ мехост, ки Ҳукуматро халалдор созад.

Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама амнияти миллӣ, сулҳу осоиштагӣ дар мамлакати азизамон мебошад, ки инро дар ҳар як баромади худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Бояд халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он ки дар дохили Тоҷикистон ё ин ки берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву хештаншиносии худ дарк намоянд, ки ҳамаи ин бевосита кўшишу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки вақте Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон баргашт (15.02) мардуми адолатпарвари тоҷик бовар карданд, ки вай аз кардаҳои худ пушаймон гаштааст. Вале ин тавр нашуд. Вай ба ҳамон ҳамсафони худ ки дар берун истода нисбати мамлакати мо гапҳои беасос мезананд, содиқ аст.Ба ин мақсад қайд кардан бамаврид аст, ки агар вай хоҳад, дар куҷое ки паноҳгоҳи сиёсӣ дарёфта бошад, дар ҳамон ҷо хомўш нишинад ва нисбати Ватани мо ягон хел гапҳои беҳуда назанад. Зеро, ки мо ҳеҷ як шахсиятҳое, ки аз чаҳорчўбаи зерқонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд барои ба ин ҷо омадан маҷбур намекунем.

Шаҳрванди асилу бонангу номус дар дохили кишвар бошад ё ин ки дар кадом кунҷу канори олам набошад фақат дар эҳтирому эътирофи халқу Ватани худ будабо кирдору амамлҳои некаш мекўшад, ки обрўю нуфузи Ватани худро боз ҳам баланд бардорад.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ