Сарвати бебаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таи сарвари кишвар буданашон ба соҳаи маориф диққати махсус зоҳир менамоянд. Яке аз падидаҳои беҳтарини замони истиқлолият барои соҳаи маорифи кишвар ин аз тарафи сарвари кишвар дар Рўзи дониш гузаронида шудани Дарси сулҳ мебошад. Чун анъана дар ин рўз Пешвои муаззами миллат омўзгорону устодон ва муҳассилини мактабу муассисаҳои олиро бо ин ҷашни азизу муътабар табрику муборакбод намуда, оид ба муваффақиятҳо ва камбудиҳои соҳаи илму маориф суханронӣ намуданд.

Соли ҷорӣ дарси сулҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлол маблағгузории соҳаи маориф чандин карат афзудааст. Лекин, дар баробари ин дар соҳа камбудиҳо низ ҷой доранд, ки Пешвои миллат дар баромади худ онҳоро қайд намуданд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки: «Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки шахсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо, нерўи тавонои зеҳнӣ ва нерўи пешрафти давлату ҷомеа ба шумор мераванд».

Пешвои миллат ба сатҳу сифати таҳсилот низ диққати махсус дода, масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки ҳар чи зудтар таҷрибаи пешқадами давлатҳои пешрафта омўхта шуда, дар кишвар ҷорӣ карда шавад.

Гарчанде, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият сохтори нави таълиму тадрисро дар соҳаи маориф ҷорӣ намуд ва он натиҷаҳои хубро дода истодааст, лекин дар баробари ин албатта камбудиҳо низ ҷой доранд. Баромади Пешвои миллат аз он далолат медиҳад, ки ў аз оддитарин муаммоҳои соҳаи маорифи кишвар бохабар буда, баҳри рафъи он пешниҳодҳои наҷиб ба масъулини соҳа ва омӯзгорону устодон пешкаш намуданд.

Қурбонов Ҳ. - таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ