Сангҳоятон ба саратон мисли тӯфон бар мегардад...

Бӯқалламун дар бораи боз як тамаллуқ ва риёкории наҳзатиён- Муҳиддин Кабирӣ, Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар номаи худ ба АМИТ “Ховар” изҳори назар карда, чунин навиштааст: “Муҳиддин Кабирӣ дар табрикоти соли навии хеш матнеро ба фейсбук ҷой додааст, ки бӯқаламунро ба хотир меоварад”...Мо ин гуфтаи мавсуфро дастгирӣ менамоем. Кабирӣ, ки аз мусулмонии хеш даъвогарӣ менамояду ҳар гуна бӯҳтонбофӣ менамояд, шабеҳи бӯқалламун аст. Аслан, ман як чизро намефаҳмам рафиқони азиз, то ба кай забону дилро бо ҳам тафриқа меандозем, ё худ шумоён, ки “худошиносони комил” ҳастед, аз ин иғвогариҳо низову талошҳои дунёвӣ ба Худованди хеш чӣ ҷавоб мегӯед. Магар шарм намедоред, ки аз берун истода, ба хонаи хеш санг меандозед. Фаромӯш накунед, рӯзе мерасад, ки сангҳоятон ба саратон мисли тӯфон бар мегардад. Миллати тоҷик ҳаргиз солҳои навадуми асри гузаштаро фаромӯш намекунад. Нағз дар хотир дорад, ки чӣ қадар мардуми бегуноҳ қурбони дасисаҳои шумо барин иғвогарон гардиданд.

Мақсад аз табрикот, агар натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2018 бошад, ба маълумоти шумо ва шумо барин иғвогарон мерасонам, ки танҳо барқарор намудани риштаи дӯстӣ дар байни ду халқи ҳамдин тоҷикону ӯзбекон дар соли сипаригардида, яке аз корҳои хайру савоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ё худ кушодашавии аввалин агрегати НОБ- и Роғун хонадони мардуми тоҷикро пурнуртар гардонид. Шумо, ки ба халқатон ин қадар “меҳрубонед”, дар хонаҳои гармакаки дигарон зиндагонӣ карда, то имрӯз боре аз аҳволи зиндагонии мардуми тоҷик дар ташвиш будед? Ва ё барои бечароғии кӯчае, ки бузарг шудаеду маконе, ки аҷдодонатонро дар қалби он мадфан намудаед,гиристаед. Ҳаргиз на!

Бори дигар ба маълумотатон мерасонам, ки агар шумо заррае ба халқу ватан раҳм дошта бошед, дар ҳаққи ин миллату давлат дуо кунед, зеро Худованд қодир аст, ки дар як турфатулайн қасрҳоро ба замин яксону гурдҳоро ба хок пинҳон созад.

Ҷӯраева С.Б.

Мудири кафедраи

умумидонишгоҳии

фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ