Санади тақдирсоз дар таҳкими ваҳдати миллӣ
27-уми июни соли 2019 аз рўзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 22 сол сипарӣ мегардад.
Дар ҳаёти ин ё он кишвар воқеаҳое сурат мегиранд, ки минбаъд барои пешрафти таърихи халқу миллат чун марҳилаи тақдирсозу беназир мавқеъ пайдо менамояд. Ва қимату аҳамияти чунин рўйдодҳо бо мурури замон камтар нашуда, балки бо қувваю тобишҳои нав ба нав бештар зоҳир мегардад.Ҳар чӣ қадар он рўзи ба имзорасии сулҳ, ки барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас аст, аз мо дур равад, аҳамияти он торафт равшан ва возеҳ ба назар мерасад. 27-уми июни соли 1997 низ аз ҳамин гуна рўйдодҳои таърихиест, ки дар таърихи ҷумҳурии мо ҳамчун санаи оғози марҳилаи нави кишвар ворид гардидааст.
Сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст ва сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Ҳанўз дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият изҳор карда буд, ки «ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Тамоми олам садои самимӣ ва пурҳарорати сиёсатмадори 40- соларо хуб пазируфт, зеро аз аввалин баромадашон сарвари навинтихобшуда Эмомалӣ Раҳмон на танҳо диққати ҷаҳониёнро ба умдатарин масъалаҳои бўҳрони сиёсии Тоҷикистон ҷалб намуданд, балки роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод карданд. Аллакай охирҳои декабри соли 1992 Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барномаи сиёсии худро интишор намуданд, ки мундариҷаи он аз нуктаҳои зайл иборат буд:
- ташкили ҷараёни музокироти байни тоҷикон бо мақсади фурў нишонданиоташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба вуҷуд овардани фазои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва заминаҳои оштии миллӣ дар ҷомеа;
- ташкили раванди бозгашти фирориёни иҷборӣ чӣ аз хориҷи кишвар ва чӣ дар дохили кишвар;
- гузоштани пояҳои нави низоми давлатдорӣ, аз қабили баргузории ислоҳоти сиёсӣ, ташкили нерўҳои мусаллаҳи миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ, ба вуҷуд овардани заминаҳои иҷтимоии иқтисоди бозорӣ, ташаккули сиёсати хориҷӣ, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар доираҳои сиёсии дунё ва арсаи байналмилалӣ;
- ислоҳот дар сиёсати молия ва қарзи кишвар;
- таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ.
Вале барои таъмини орзую ниятҳо дар кишвар барқарории сулҳ аз ҳама муҳим ва муфид ба шумор мерафт. Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои таклифу дархост ва талаби мухолифин баҳри ба даст овардани сулҳ, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ омода будани хешро ифода кард ва доимо таъкид менамуданд: «Мо ба хотири созандагӣ ба музокирот ба ҳамаи нерўҳое, ки барои наҷот додани Тоҷикистон аз буҳрони сиёсиву иҷтисодӣ манфиатдоранд, омода ҳастем. То он даме, ки мо сулҳу оромиро дар хонаи хеш барқарор насозем, силоҳро гузошта, ба кори созандагӣ шурўъ накунем, кўмаки ягон ҳамсоя ҳоли моро беҳ намесозад. Танҳо бо иттиҳод мо метавонем Тоҷикистонро аз хатари ҳалокат ва парокандагӣ наҷот дода, онро ба давлати пешрафта ва соҳибистиқлол мубаддал гардонем». Воқеан ҳам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ кафили сулҳ, якпорчагӣ ва ваҳдати тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
Сулҳи тоҷикон натиҷаи мулоқотҳои тўлонӣ аст, ки аз соли 1994 то 1997, яъне тайи 3 солу 3 моҳ дар 8 давр 21 маротиба давом карда, зимни нўҳ моҳи даври мулоқот ва гуфтушунидҳои дуҷониба 40 ҳуҷҷати муҳим ба тавсиб расид, ки ба 19 ҳуҷҷат бевосита Президент Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошта буд. Бо ташаббуси Сарвари давлат аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 бо миёнравии СММ ва вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия нахуствохўрии ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин дар шаҳри Москва доир гардид ва 8 музокираи сулҳ ба амал омад. Изҳороти муштарак дар байни ҷонибҳо рўзҳои 17-19-уми майи соли 1995 дар шаҳри Кобул қабул карда шуд. Мулоқотҳои минбаъда 19-уми июли соли 1995 дар шаҳри Теҳрон ва 10-11-уми декабри соли1996 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир гардиданд. Барои халқи тоҷик мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон ва С.А.Нурӣ дар Хосдеҳ - шимоли Афғонистон (декабри соли 1996), дар Москва (декабри соли 1996), Машҳад (феврали соли 1997) ва ҳуҷҷатҳои баимзорасида аҳамияти тақдирсоз доштанд. Гуфтушуниди Хосдеҳ заминаи асосии сулҳи тоҷикон гашт.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари иттиҳоди мухолифин С.А.Нурӣ 23-юми декабри соли 1996 дар Москва созишномаро имзо карданд, ки ҳадаф аз онқатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ буд. Дар асоси ин ҳуҷҷат ҷонибҳо ўҳдадор шуданд, ки ҳама гуна музокиротро то 1-уми июли соли 1997 ба анҷом мерасонанд. Музокироти миёни тоҷикон ба марҳалаи ҷамъбастии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон расид. Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки аз ҷониби тарафайн дар вохўриҳои Москва, Хосдеҳ, Теҳрон, Машҳад, Бишкек зоҳир гардид, дар музокироти миёни тоҷикон пешравии назаррас ба даст омад ва нуқтаи асосӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ҳангоми имзо намудани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» гузошта шуд, яъне раванди сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини тоҷикон бо имзои «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба охир мерасад.Дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иҷро гардидани ин ҳуҷҷати таърихӣ, аз ҷумла, омадааст: «ҳодисаи фараҳбахше, ки миллати тоҷик, ҳамаи тоҷикистониён ва дўстони дуру наздики мо ҳангоми имзои ҳуҷҷати таърихӣ- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз сар гузарониданд, моҳиятан як давраи томи таърихро дар худ таҷассум менамояд. Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рўзи саид ҷомаи амал пўшид. Ман имрўз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик - ҳарчанд аввал пешпо хўрд, имрўз фирўз аст. Зеро ин насл метавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон менамояд, саркўб созад. Ақли солим ва хиради дурбин пирўз шуд. Рўзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».
Баргузоршавии ин маросим дар Москва далели он буд, ки раванди музокироти сулҳи тоҷикон бо муваффақият анҷом ёфт ва бояд қайд кард, ки тамоми раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд буд. Сулҳи тоҷикон дар дунё аввалин мисоли бо розигии ҷонибиён ба анҷом расонидани ҷанг мебошад. Яъне, муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон давом кард, бе ғолиб ва мағлуб ба анҷом расид. Чунин таҷрибаи дар як фосилаи кўтоҳ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар ягон кишвари дунё то ҳол ба назар нарасида буд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи расидан ба сулҳ, ба Ватан баргардонидани садҳо ҳазор гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, давлатҳои алоҳида ҳамчун падидаи нодир эътироф шуда, мавриди таҳлилу омўзиш қарор ёфтааст.
Аз қуллаи музаффариятҳои кунунии ҷомеаи Тоҷикистон ба он рўйдодҳои на он қадар дури мамлакат назар намуда, ҳар як шахси дурандешу софдил дарк мекунад, ки онҳо то кадом андоза тақдирсоз будаанд. Барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон боиси тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маънавии ҷомеа гардида, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Имрўз ба гуфтаи Сарвари давлат «Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ натанҳо ҳамчун субъекти комилҳуқуқ эътироф мекунад, балки ба суханаш гўш меандозад, таҷрибаашро меомўзад ва истифода менамояд. Ба ин маънӣ, бо ифтихор метавонем гўем, ки имрўз Тоҷикистони мо Ватани сулҳрез ва мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ мебошад».
Халқи тоҷик таҳти роҳбарии сарвари бофарҳангу дурандеш ва сулҳофараш Эмомалӣ Раҳмон имсол ин санаи ба имзорасии ҳуҷҷати тақдирсози миллатро маротибаи бистум ҷашн мегиранд, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини диёри куҳанбунёд мебошад. Маҳз ин ҳуҷчати сарнавиштсоз миллату кишварамонро аз фаношавӣ наҷот дод, маҳз сулҳу ваҳдат ба кишвари мо созандагию бунёдкорӣ овард. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди фарзонаи кишвар масъул аст, ки на танҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии кишвари азизамонро ҳифз кунад, балки вазифадор мебошад, ки корҳои баанҷомрасонидаи падарону бобоёни шарафмандро дар ҷодаи сулҳу амният, иттиҳоду ягонагӣ ва дўстиву ҳамраъйӣ идома диҳад.
М. Раҳматова, н.и.т., дотсент