Саммит барои пешбурди ташаббусҳо ва дарёфти механизмҳои самаранок
14-15 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор шуд. Барои ширкат намудан дар кори ин машварати муҳими сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ - Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Федератсияи Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир - Индонезия, Филиппин, Белорус, Украина, ИМА, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии нозир ва шарик - Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони ҳамкории Шанхай ва меҳмони ҳамоиш - Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд. Дар ин нишаст ҳайатҳои баландмаќом барои қабули эъломияи фарогири тамоми масъалањои ҳамкорӣ дар доираи МҲТБО ҷамъ омаданд. Саммити мазкур ҳамчунин барои муҳокима ва ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бавуҷудоянда дар Осиё, инчунин барои пешбурди ташаббусҳо ва дарёфти механизмҳои самаранок дар сатҳи баланд майдони муфид шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои МҲТБО на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар дигар сатњњо низ бо мақсади ҳамгироии минтақавии батадриҷ ҳамдигарфаҳмии умумӣ дорад. Бо дарназардошти иштироки давлатҳои аъзо дар сатҳи олӣ, аз ҷумла муносибатҳои дӯстона ва боэътимоди байни онҳо, Тоҷикистон аз Саммит натиҷаҳои хуб, ки барои иҷрои муваффақонаи уҳдадориҳои умумӣ дар доираи МҲТБО давоми ду соли раёсати Тоҷикистон роҳнамо мегарданд, интизор мебошад.
Саммити баргузоршуда барои расидан ба ҳадафҳои нав ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалањои мавҷуда ва бавуҷудояндаро мавриди таваҷҷуҳи дастаҷамъонаи давлатҳои аъзо, пешбурди минбаъдаи раванди МҲТБО, идомаи татбиқи тадбирҳои боварӣ ва табдил додани Осиё ба минтақаи дорои сулҳу субот ва шукуфоии устувор дар асоси муколамаи фарогир ва амиқ таккони сиёсӣ бахшиданд. Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити МҲТБО 15 июни соли 2019 моњияти ин Саммит аён гардид: «Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои садорати муваффақ ва корҳои анҷомдодашуда дар марҳилаи муҳими рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳори миннатдорӣ намоям. Тоҷикистон дар давраи садорати худ дар Машварат мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими муколамаи созанда ва мушорикати густурда миёни давлатҳои аъзо тавассути идомаи роҳандозии тадбирҳои боварӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар шукуфоӣ ва рушди мутаносиби тамоми минтақаи Осиёро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад.
Айни ҳол минтақаи фарохи Осиё бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст, ки дар пасманзари онҳо тақдири таърихии мардум дар роҳи саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодию устувори муштарак ва пешрафт бо ҳам пайвастаанд.
Тоҷикистон зарурати пешбурди минбаъдаи талошҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё, таъмиқи ҳамкории бисёрҷанба ва татбиқи чораҳои эътимодсозиро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва башардӯстӣ дар доираи раванди МҲТБО таъкид менамояд».
Дар як вақт ташриф овардани теъдоди зиёди меҳмонони олимақом дар кишвари мо имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи дарҳои кушод ва ҳикмати таҳаммулпазирии Пешвои миллати тоҷиконро тӯли чанд рӯз дар маърази муҳокимаҳои расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дод. Баргузории ин ҳамоиш собит намуд, ки қитъаи Осиё дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамгироӣ қарор дорад ва дар давраи раёсати Душанбе МҲТБО ҳамчун ниҳоди минтақавӣ имконияти васеи табдил ёфтан ба созмони мустақил оид ба таъмини амният ва ҳамгироии конструктивӣ дар Осиёро дорад. Меҳмонони олиқадр дар тӯли ин рӯзҳо аз пешрафту дастовардҳои кишвари азизи мо дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию инфрасохторӣ огоҳии комил пайдо карданд. Ҳамоиши Душанбе нишон дод, ки ин љараён ғунҷоиши воқеии татбиқи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди роњњои нақлиётӣ, таъсиси инфрасохторҳои муосири истеҳсолию саноатӣ, кишоварзӣ ва сайру саёҳат, ҳамчунин, роҳу усулҳои муассири пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳониро доро мебошад.
Бо талошҳои арзанда ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе якчанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ гардид. Аҳли сайёра ба шаҳри Душанбе макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таваҷҷуҳ доштанд.
Миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ меҳмонони ҳамоишро гарму самимӣ истиқбол гирифта, онро дар сатњи ташкил намуданд, ки обрўю эътибори Тољикистон дар арсаи љањон боз зиёд гардид.
Саммит барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳамкории бисёрҷониба ва муштараки васеъ дар доираи ҳалли масъалаҳои муњими МҲТБО такони ҷиддӣ бахшид.
Равшан Усанов, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Fафуров