Салимпури дурӯя

Имрўз, хангоме. ки мардум дар фазои сулху суббот, ободкориву созандагӣ, таъмини амнияти мардум хаёт ба сар мебаранд бояд акли солими худро кор бурда ба акидахои носолими чомеъаи ғарб ва шарқ бо акидахои миллии худ чавоб гардонад.

Мақсад аз ин сухан дар он аст, ки дар Тоҷикистон мардумони пайравони дигар дину мазҳабҳо низ зиндагонӣ менамоянд. Вақтҳои охир бо ҳар роҳу восита хабарнигори фирорӣ Салимпур, ки мактаби макри хориҷиҳоро қариб ду даҳсола аз сар гузаронидааст мехоҳад фазои ороми кишварро номусоид созад. Имрўзҳо ҳар як ватандӯст оромиши миллат ва ҳукфармоии фазои сулҳу суботро чун гавҳараки чашм зарур медонад. Ба маълумоти ин нафарон расониданием, ки чун ҳадафи шумо ифротиҳо, ки дар дили Аврупо ошӯб ташкил карданӣ ҳастед, аз наздик мушоҳида мекунем, мебинем, ки дурнамои ин муборизаи мудҳиши равонии шумо, боз ҳам даст задан ба ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Мардуми соддалавҳи ғарбро, ки аз ҳилаи шаръии шумоякҳо бехабар ҳастанд, гул заданӣ ҳастед. Кӯлоҳпушиданӣ ҳастед. Вале ин ҳилагариҳоятон дигар намегузаранд, аниқтараш мо патриотҳои асил намегузорем. Аз хабарнигори фирорӣ Салимпур мепурсем, ки биё аз осмон ба замин баргард ва ҳақикатро гӯш кун, хуб гӯш кун, зеро ба ду гўши худ «пахтаи пунба» - ро задаӣ ва онҳо ба ғайр аз макри хориҷиён дигар чизеро намехоҳанд шунидан. Чашм бикшо ва бубин, ки то имрўз Ватани мо чӣ қадар ободу зебо шудааст. Ифтихор бояд кард аз ҳама ин пешравиҳо ва набояд дону нодон вазъи ороми кишварро номусоид сохт. Хабар надоред аз ҳаводиси олам, ки бо пардаи ба ном «Ислом» даст ба кирдори падуру модари худ, ёру бародари худ зада истодаанд. Магар инро дини мубини ислом мехоҳад? Ҳаргиз не?

Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки қариб куллан мусулмон ҳастанд, метавонанд, фаъолияти сиёсии худро дар доираи иттиҳодияҳо ва созмонҳои зикргашта, бе ягон гуна ҳизбҳои хоинонаи ба мисли ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ намоянд.

Қобили қайд аст, ки мардуми мамлакатҳои Ғарб фарҳанги дерини таҳаммулпазирии сиёсӣ доранд. Ҳарчанд таъсири идеологияи насрониву демократӣ бузург аст, он вобаста ба мавқеи шаҳрвандон тамоюли мазкур нисбати арзишҳои ахлоқӣ ва маданӣ равона буда, инкишофи сиёсӣ ва иҷтимоиро ба фаъолияти озоду баробарҳуқуқи шаҳрвандон пайваст менамояд ва дар чунин маврид рафтори худро дар заминаи қоидаҳои ахлоқӣ мураттаб менамояд. Асоси ғоявии идеологияи насрониву демократиро синтези «олами муҳаббат» ва «нексириштӣ нисбат ба давлат» ташкил менамояд. Аммо ин ҳизби ба но динӣ ба мардум аз худаш танхо нахс ва хунрезиҳоро боқӣ монду халос.

Аз ин лиҳоз, барои мардуми тоҷик ин гуна гурўҳҳои ба ном «мухолиф» ҳаргиз лозим нест ва нахоҳад буд. Барои мардуми тоҷик, ки як Ватан ва як Пешво дорад, чӣ зарурат дорад оппозитсия, он ҳам дар ниқоби дин.

Шарипова М.З. - дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ