Саҳми маориф дар амнияти кишвар
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофиёи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад.
Мо, устодон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Мусаллам аст, ки фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки дар баромади худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «… террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид имсол майдони кишти ин зироатҳо 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт.
Саволе ба миён меояд барои чӣ бештари шомилшудагони ин намуди ҷиноятҳо ҷавононро ташкил медиҳанд?
Омилҳои асосиро дар камсаводии ҷавонон, раҳгумзанӣ, ба даст овардани луқмаи осон, пас будани сатҳи маънавиёт, дуруст дарк накардани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ мебинем.
Борҳо дар баромадҳои худ роҳбари давлат зикр менамоянд, ки бештар барои баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон нақши муассисаҳои илмӣ муҳим аст. Барои ин давлату миллат тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардаанд. Махсусан, дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодаем. Соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд.Соли 2018 ин раванд идома ёфта, маблағҳои буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” қабул гардид.
Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ дар байни донишҷӯён боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст.Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.
Мо устодонро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Мо омузгоронро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоед.
Ҳамчунин вазифаҳои аввалиндараҷаи устодон барои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ мегардад. Ҳамчунин, моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳоро беҳтар гардонем, ҷавононро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем.
Дар урфият мегӯянд, то ба воя расидани як кӯдак ҳафт шаҳр обод мегардад. Бале, басо заҳматро талаб мекунад, то ки як кӯдак ба ҷавони арзанда мубаддал гардад. Биёед, мо устодону фаъолони ҷомеа мекӯшем, то ҷавонони арзандаи миллатро ба воя расонида, нагзорем, ки ягон хори нохалаф ба тани онҳо ворид гардад.
Шарипова, М., устоди ДДХ