САҲА яке аз ташкилотҳои пуштибони терроризм

Тероризм ва экстремизми хушунатомўз падидаи хавноки ғайриинсонӣ буда, аз ҷониби ташкилотҳову давлатҳои абарқудрат барои пиёда кардани манфиатҳои худ таъсис ва роҳандозӣ мешавад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари чунин як манбаи хилофкори ҷомеа дар канор набуда, пас аз истиқлолияти давлатӣдар байни дигар давлатҳои пасошўравӣ бо «ташаббус»-и асосгузорони ҲНИ аз ҳама бештар ба он рўбарў шуда, тайи 28 –сол аст, ки аз ин беморӣ раҳоӣ ёфта наметавонад. Яке аз ҳмин гуна созмонҳои муғриз ва ҳимоятгари тероризм созмони САҲА ба шумор меравад, ки зери ниқоб амал карда, барои ривоҷи терроризм дар кишварҳои мусалмоннишон, аз ҷумла минтақа Осиёи Миёна асос гузошта истодааст. Санаи 16-уми сентябр ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон анҷумани солонаи ин ташкилоти ба ном демократӣ баргузор шуда истодааст, намояндагони ҲНИ низ ширкат варзида, аз рўйи нақшаи пешбинишуда бо ин ташкилоти хоҷагонаш ҳамон тарғиботи ҷангҷўёнаи худро аз нав оғоз бахшиданд. Мавқеъгириҳои духураи давлатҳо ва ташкилотҳои муғриз намегузорад, ки терроризм аз бех канда шавад. Имкониятҳое, ки дар Аврупо барои пиёда кардани ҳадафҳои неополотикӣ барои ҲНИ муҳайё гардида истодааст, барои ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳатто берну аз он хатарзост. Тавре Кабирӣ Паймони миллиро, ки ҳадафаш нобудии миллати тоҷик ба шумор меравад, ҳамчун як ниҳоди миллӣ муаррифӣ карда истодааст, барномаҳои созмони мазкур ва дигар алоқамандони он ҳам имрўз аз номи ислом даст кашида миллатро доғдор менамоянд. Дидан, к ибо номи ислом пул ба даст овардани наметавонанд ҷомаи занона ба тан карда аз гомосексуалҳои аврупоӣ дарси «ибрат» гирифта, ишками худро аз хоки ғарибӣ сер менамоянд ва бар зидди Тоҷикистон ва халқи он шиор мепартоянд.

Бар хилофи накшаҳои зархаидон Тоҷикистон рўз ба рўз рушд пайдо карда, пешрат намуда истодааст ва ин амал зери сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат ба таври чашмгир роҳандозӣ мешавад.

Бубинед Тоҷикистон нурборон аст ва дар Аврупо ҳарчанд ин хиёнаткорон бар зидди ин ҷавони қадрас ҳаракатҳои наҷавонмардонаро ачом медиҳанд, аммо боз ҳам пурзўртару нерўмандтар мегардад ва худо хоҳад пай пойи ин савдогаронро бар абад хоҳад рўфт. Шумо сагони дайду дигар наметавонед аз хоҷагони худ дар Тоҷикистон дифоъ кунед. Миллату давлати тоҷик хуб корҳои Шуморо назора дорад.

Як бор Кабирӣ ба худаш суол гузорад, ки барои ин миллат ва пойдории иқтидорҳои ҳокимияти давлатӣ кадом корҳоро ба ҷуз иғвову дасиса бар дўш грифта онро ба анҷом расонидааст?

Қудратталабиҳои Кабирӣ танҳо барои зану фарзандаш аст, барои ў миллат ва давлат вуҷуд надорад. Аз ин ҷиҳат моро чунин суханҳои пучу бемағзи намояндагони ТТЭ ҲНИ –ро дар минбари САЊА ба шиддат маҳкум намуда, ба онҳо бори дигар гўшзад мекунем, ки «эй хиёнаткорон бикўшед то ҷомаи занон напўшед», худро дар Аврупо тоҷик муаррифӣ накунед, номи тоҷикро олуда насозед ва аз пайи хару хингили худ шавад.

Абдуллоев Р.-сардори раёсати илм ва инноватсия, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ