Рӯбоҳи ноком
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тулии истиқлолияти давлатӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ба муваффақиятҳои беҳамто ноил гардид. Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо дар чорчўбаи қонунгузорӣ фаъолияти худро озодона амалӣ карда истодаанд. Аммо ҲНИ, ки аз оѓози фаъолият то ҳол ба рақобати сиёсӣ тобовар нест, нокомиҳояшро аз давлату ҳукумат мебинад, тўҳмату буҳтонҳояшро идома дода, ин амали нопоки худро такрор намудааст.
Афроди разил, рӯбоҳи ноком чун наҳзатиён бо ҳар гуна роҳу васила мехоҳанд ин оромиву амнияти кишвари моро халал ворид намоянд. Душманони миллат ва давлати мо, ки як гурӯҳи кӯчакро ташкил медиҳанд ва бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта дар ҷустуҷӯ қарор доранд бо баргузор намуданигирдиҳамоии ѓайриқонунӣ мехоҳанд диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намоянд. Даъвати ғайриқонунии ҳаммаслакони худ ба назди бинои Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, як амали навбатии нопок, бемантиқ ва фитнаву дасисаҳои наҳзатиёни разил маҳсуб меёбад. Ин амал хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо буда, на ҷомеаи ҷаҳонӣ ва на шаҳрвандони Тоҷикистон ба он эътимод ва боварӣ надоранд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдому ташаббусҳои кишвари моро, ки бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат амалӣ мешаванд, ба хубӣ медонанд ва арҷ гузоштаанд. Кишвари мо ҳамчун давлати сулҳҷӯ, адолатпеша эътироф ҳам гардидааст. Ислоҳотҳои гуногун дар ҳамаи самтҳои сохтори давлатӣ, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар амалӣ мегардад, ки он ба меъёрҳои асосии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунёвӣ ҷавобгӯ ва мутбиқ бошад.
Бинобар ҳамин бо боварии комил гуфта метавонем, ки нақшаву ниятҳои разилонаи душманони миллат, ки мехоҳанд бо амалҳои нопоки худ обрӯву мавқеи кишварро дар арсаи байналмиллал сиёҳ кунанд ва ба ин васила ҷомеаи ҷаҳониро ба худ кашад, хеч гоҳ амалӣ нахоҳад гашт. Мурдуми сарбаланду бофарҳанги тоҷик ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буда, дар шароити осоиштагиву сулҳу субот дар рушду нумӯъи Ватани азиз саҳм мегиранд.
Маҳмудова Н.С.- мудири кафедраи умумидонишгоҳии
таърихи халқи тоҷик, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва
ташвиқотии ДДХ ба ном академик Б. Ғафуров