Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳаракатҳои тундгаро
Яке аз муаммоҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони кишвари моро ба ташвиш овардааст ин гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ мебошад. Терроризм ва экстремизм зар замони муосир на танҳо ба як миллату давлат, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дошта, боиси нооромиҳо дар гӯшаву канори олам гардидааст. Муборизаи ҳадафнок ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт, чораву амалҳои якҷояи давлатҳо ва ташкилоти сатҳи байналмиллалиро тақозо менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” зикр намуданд, ки: “таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти олии мамлакат пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, мамлакатҳои Осиёи Миёна ва тамоми ҷаҳон зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораву тадбирҳои таъхирнопазир менадешад.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз таърихи 21 апрели соли 1997 Фармон «Оид ба чораҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуда буд. Аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм аз ҷумла як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд ва амал менамоянд: Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм»[1] ва ғайра.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006 таҳти рақами 1717 Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)[2, 214-223] қабул гардид, ки барои субъектони (мақомот ва ниҳодҳо) бар зидди терроризм ва экстремизм муборизабаранда роҳнамо ва дурнамои фаъолият ба шумор меравад. Консепсияи мазкур дар асоси қонунгузории кишвар мураттаб шуда, сиёсати давлатиро дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ин равияву гурӯҳҳои номатлуб муайян менамояд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида пояи ҳуқуқии сиёсати оштинопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки қонунҳоро нодида мегиранд, қонуншиканӣ мекунанд ва сабабҳои гуногун ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро шомил мешаванд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм бештар зуҳуроти бо дин омехта намуданро дорад ва динро ба манфиатҳои худ истифода мебаранд.
Дар сатҳи ҷаҳон ҳоло беш аз 42 ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият менамоянд, ки 25 тои онҳо худро бо дин иртибот медиҳанд. Дар Тоҷикистон имрӯз фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳо террористию экстремистӣ эълон карда шуда, бо ҳалномаи Суди Олӣ фаъолияташаон манъ карда шудааст, ки ҳама хусусияти динӣ доранд. Таҷрибаи тафтишотиву судӣ шаҳодат медиҳад, ки аксарияти мубаллиғони ақидаҳои тундгароӣ ва шахсоне, ки ҷавононро бо истифода аз муқарраротҳои дини мубини ислом, сохтаву бофтаҳои худ ба ҷаҳолат, ифротгароӣ, якравӣ ва хушунату зӯроварӣ мебаранд. Бо ташаббуси саривақтии Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута аз 3800 нафар ҷавононе, ки ғайриқонунӣ дар донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, 3400 нафарашон ба Ватан баргардонида шуданд, аммо 400 нафарашон то ҳол бар нагаштаанд. Аз вилояти Суғд низ аз 715 нафар толибилмони макотиби динии хориҷӣ, 688 нафарашон баргардонида шуданд, як қисмати онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, боз пинҳонӣ ба ҷои таҳсилашон рафтаанд ва имрӯз 32 нафар то ҳол дар хориҷи кишвар таҳсили динии ғайрирасмиро давом дода истодаанд. Ин ҳолат волидайн ва мақомоти масъулро водор месозад, ки барои баргардонидани нафарони боқимонда чораандешӣ намоянд. Муттаассифона ҷавонони дар мадрасаву муассисаҳои динии хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсилкунанда аз ҷиҳати мавкуравӣ осебпазир гашта, ғоя, мазҳаби бегонаро қабул мекунанд ва рафтору кирдорашон хавфноку хатарнок мегардад.
Боқӣ Раҳим, ДДХ