Роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрўза дар Ватани азизи мо- Точикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурўҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин хизбхо ба рох монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе хизбхои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдањои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту харакатхои террористӣ гардида, дар бораи максаду мароми хизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишхои халк, аз хама муҳимаш тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромўш месозанд. ҲНИ мисоли гуфтахои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин хизб диккати мардумро бо рафтору кирдорхои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алхол рохбарияти он бо максади амали намудани максадхои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст. САҲА яке аз созмонҳои муҳими ҳамкори Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар соли 1994, замони ҷанги дохилии ин кишвар шурӯъ кард. Нақши ин созмон дар бозгардони муҳоҷирони тоҷик ба манзилҳояшон, кӯмаки молӣ дар барқарории баъдиҷангӣ, роҳандозии тарҳҳои мухталифи марбут ба рушди демократия, мубориза бо терроризу ифротгароӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат дар таъмини баробарии ҷинсӣ хеле фаъол будааст. Њамоишњои САҲА ба хотири баррасии масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таҷрибаи миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин замина, ҳифзи озодии баён зимни мубориза бо ифротгароӣ дар Интернет, роҳҳои муосири ҷилавгирӣ аз ифротагроӣ ташкил мешавад. Дар нишасти САҲА ҳама кишварҳои узви ин созмон иштирок кунанд. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфтанд, ки ширкати созмонҳои дар кишвар мамнӯъ ва муттаҳам ба терроризмро дар чунин ҳамоишҳо қабул надоранд. САҲА ягона ташкилотест,ки дар Аврупо ба роҳбарияти ТТЭ ҲНИ имконияти иштирок дар ҷаласаҳо ва суханронӣ медиҳад.Маълум аст,ки чунин амали нодуруст ва нангинро (мусоидат ба фаъолияти ташкилоти террористӣ)ду-се шахси манфиатдори бо ТТЭ ҲНИ робитадошта анҷом медиҳанд. Дар ин маврид тамоми роҳбарону кормандони САҲА-ро њељ кас айбдор карданӣ нест.Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ