Роғун боргоҳи нур

Барои баланд бардоштани савияи дониши насли наврас, саҳми устод муаллим хеле муҳим аст. Мо омӯзгорон мекӯшем, насли имрӯзи ватананро бо навгониҳои илми муосир бархӯрдор намоем. Барои расидан ба ҳадафҳои худ, бештар шароити хуби таҳсил муҳим аст. Дар фазои орому осудаи ватан, синфхонаҳои рушану замонавӣ, ашёву маводҳои таълимӣ барои расидани ҳадафи мо кӯмак менамояд. Аз азал барои гирифтани илму дониш волидон низ саҳми босазои худро барои фарзандони худ мегузоранд, зеро толибилмон шомгоҳон вақти худро барои иҷро намудани вазифаи хонаагӣ масраф менамоянд. Солҳои пеш бештар ҳангоми иҷро накардани супориши хонагӣ аз толибилмони худ чунин ҷавобро мешунидем: «Чароғ хомӯш шуд, муаллимаҷон, ман дарсамро тайёр карда натавонистам». Дунё, воқеан, бо умед зинда аст. Шукронаи истиқлолияти кишвар аст, мардуми саодатманди кишвар ба умеду орзуи деринаи худ ноил гардиданд.Се сол муқаддам, 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бо идора кардани техникаи вазнин - булдозер дар муддати якуним соат бо сангу шағал маҷрои рӯди Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди НБО - и «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд, ки ҳамаи мо инро аз оинаи нилгун мушоҳида мекардем. Ҳатто шогирдон низ, ҳангоми дарс қарсак мезаданду ба ҳамдигар шодӣ карда, муборакбодӣ мегуфтанд.

Пешвои миллат дар ин маросим таъкид карданд, ки бунёду барқарорсозии иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Сохтмони иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ НБО-и «Роғун» дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши калидӣ мебозад, НБО -и «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО «Роғун» аз 6 чарха иборат буда, иқтидори ҳар кадомаш 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт/соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи ба барқдоштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бузург бахшад.

Имрӯз тамоми сокинони Тоҷикистон шоҳиди рӯйдоди навбатии хурсандиовар – бакорандозии агрегати дуюми ин манбаи рӯшноӣ гардиданд, ки бо иродаи қавӣ, шуҷоату матонат ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисону сохтмончиёни ватандӯсту шуҳратманд таъмин карда шуд. Кордониву меҳнати содиқонаи фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос ва шарикони гиромӣ дар таърихи Тоҷикистони навин бо ҳарфҳои заррин сабт ва барои ҷавонон дарси ватандӯстӣ боқӣхоҳад монд.

Ҷоизи зикр аст,ки то имрӯз иншооти муҳимми нерӯгоҳ – нақби обпартои сеюм — яке аз тавсияҳои асосии коршиносони байналмилалӣ дар самти таъмин намудани бехатарии фаъолияти нерӯгоҳ ҳангоми серобии эҳтимолӣ бо насби дарвозаҳои сегментии таъмирӣ, садамавӣ ва асосӣ бунёд карда шуд ва мо чанд лаҳза пештар шоҳиди ба истифода додани он гардидем.

Иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард.Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам овард, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ бо ҳисси қаноатмандиву ифтихори миллӣ сипоси беадади худро ба роҳбари давлат ва сохтмончиёни ин иншооти вақеан таърихӣ, бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ҳамчун иншооти тақдирсоз мерасонем. Мо устодон воқеан дарк менамоем, ки Роғун натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад. Мо устодон ҳамаи шогирдони худро бовар мекунонем, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо рӯзе ба як давлати нерӯманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад. Зеро“Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст.

Вализода Шоирахон - муаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ