"Роғун" - равшангари имрўзу фардо

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерўгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.

Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он ҳукумати мамлакат тараққиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон намудааст.

Боиси хушнудист, ки санаи 9-уми сентябри соли равон Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори чарха(агрегат)-и дуюми нерўгоҳи барқи обии "Роғун" ҳусни оғоз бахшиданд. Ин сана дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як саҳифаи наверо боз намуд ва қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Бо бунёди пурраи ин иншооти аср натанҳо мушкилоти нарасидани барқ ба аҳолӣ ҳаллу фасл мегардад, балки барои рушду такомули соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, фаъолияти бомароми корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, вусъат ёфтани тиҷорат ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ заминаи устувор фароҳам меоварад.

Ҳанўз, рўзи 16-уми ноябри соли 2018 чархаи аввалини НОБ-и "Роғун" ба кори худ шурўъ карда буд, имрўзҳо бошад чархаи дуюмини он ва солҳои наздик чархаҳои навбатии ин иншооти бузург ва аз ҷиҳати стратегӣ хеле муҳим бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззам ва азму иродаи қавии миллату халқи Тоҷикистон бунёд хоҳанд ёфт. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид карда буданд: " Нерўгоҳи барқи обии "Роғун" таҳкурсии боэътимоди ободиву сарсабзии фардои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва пешрафти минбаъдаи тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиамон мебошад".

Бояд гуфт, ки имрўзҳо талабот ба нерўи барқ дар миқёси ҷаҳон ва минтақа мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Ҳамчунин, афзоиши табиии шумораи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне рушди иқтисоди миллӣ тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли он дар кишвар афзоиш дода шавад.

Бо ин мақсад, давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалб ва истифодаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва мутахассисони пуртаҷриба баҳри пурра сохта ба истифода додани ин нерўгоҳи бузург корҳоро дар ин самт вусъат мебахшад. Зеро НОБ-и "Роғун" омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад.

Барои тамоми сокинони шарафманди Тоҷикистон оғози кори чархаи дуюми нерўгоҳи барқи обии "Роғун" рўзи таърихӣ ва фаромўшнаванда боқӣ хоҳад монд. Ин корнома ва шоҳкориҳои баҳодурони тоҷик дар арсаи номусу нанг боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди ин диёри азиз буда, заминаи боэътимоди имрўзу ояндаи дурахшони Тоҷикистони нурафшон мебошад.

Юсупов Ғайрат - омӯзгори МДТ "ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ