Қонуни танзим зидди исрофкорӣ ва бегонапарастӣ
Имрӯз дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки ободи ва гулгулшукуфии мамлакати азизамонро дида намеавонанд. Баъд аз мутолиа кардани мақолаи «так дальше жить нельзя!» ақидаам боз ҳам устувортар шуд. Зеро муалифи мақолаи мазкур чихеле, ки дар урфият мегӯянд аз пашша фил сохтааст. Ӯ сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танқид карда хусусан Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва расму оинҳои миллиро дар мақолааш обу ранг дода инъикос кардааст.
Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур ин мубориза ба муқобили исрофкорӣ, бегонапарастӣ ҳуруфоту анъанаҳои барои мардум нодаркор мебошад. Таърихи сад соли охир нишон дод, ки мубориза ба зидди исрофкорӣ ва бегонапарастӣ сафарбар кардани қувваҳои тамоми ҷомеаро талаб мекунад.
Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қонунро ба сифати нахустин қонуни танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ карда,таъкид намуда буданд: «Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маромимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таасубу ҳуруфотарастӣ оғози нек бахшем».
Муҳим он аст,ки танзими расму русум ва оинҳои миллиамон барои устувории миллат ва ба ҳам наздик шудани минтақаҳои кишвар заминаи хуби таърихӣ мегузорад. Яъне ин қонун ифодакунандаи давраи нави таърихи миллати соҳибистиқлол, фарҳанги нави миллӣ ва руҳияи созандаву бунёдкоронаи миллат мебошад.
Қонуни мазкур зиндагиро танзим намуда, баракати ҳар хонадони тоҷикро афзун мегардонад. Фурсати он расидааст ки маблағҳои худро пасандоз намуда, онро баҳри ташаккули маънавии фарзандон ва донишандӯзиву ҳунаромӯзии онҳо масраф намоем.
Кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ (АКВА)