Пояи давлат набошад бе маориф устувор...
Беҳуда нест, ки мактабу маорифро пояи давлату давлатдорӣ, мояи рушди на танҳо илму фарҳанг, балки сиёсату иқтисод донистаанд ва ин маъниро ҳанӯз аз гузаштаи таърихи инсоният мардуми мутамаддини тоҷик аз таҷоруби худ ҳосил намудаву тибқи он амал мекарданд.
Боиси ифтихор ва сарбаландии мо тоҷикон аст, ки сиёсати фарҳангдӯстонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат сол то сол устувор гардида, ғамхорӣ нисбат ба аҳли илму маориф низ меафзояд. Ҳамасола паёми Пешвои миллат, ки дар таҷлили Рӯзи дониш ба аҳли илму маориф ироа мегардад, гувоҳи боризи ин нуктаҳо хоҳад буд. Суханронии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар Рӯзи дониш, ки вобаста ба рушди масъалаҳои системаи маориф ва илми кишвар, проблема ва душвориҳои ҳалталаби ин соҳа равона гардида буд, омӯзгорону донишҷӯёнро бори дигар чун қишри фаъоли ҷомеа муаррифӣ намуд. Пешвои миллат борҳо бо далелҳои мушаххас таъкид доштанд, ки мо омӯзгорон калиди ҷомеаъ ҳастем ва бояд ҷавононро дар роҳи дуруст ростиву ватандӯстӣ, ҳувият ва ифтихори миллӣ, ҳифозаткунанда ва тарғибгари арзишҳои миллӣ тарбия намоем, зеро бешак, ояндаи ҳама гуна миллату давлат дар симои омӯзгорони он муҷассам хоҳад буд.
Муаллим на танҳо тарбиятгар, балки созандаи ҷомеа аст. Аз ин рӯ, ташаккули шахсияти муаллими воқеӣ ва дар симои муаллимони ҷавон тарбият намудани ояндаи имрӯзу фардои ҷомеа аз масъулиятҳои муҳими давлату миллат арзёбӣ гардиданд. Таъкиди ҳамасолаи масоили марбут ба раванди ташаккули маориф ва илми давлат моро водор менамояд, ки дар ҷаҳони имрӯз, ки ҳамгом бо рушди босуръати технологӣ аст, ҳар чи бештар аз пеш масъулияти хешро дарк намоем, қолаби бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро нашканем. Мутмаин бошем, ки мо ҳимояткунанда ва интиқолдиҳандаи фарҳанги пурғановати ниёгони барӯманди хеш ҳастем. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ, истифодаи пурсамар ва огоҳонаи васоити техникиву технологиро на ба хотири инкори гузаштаи таърихии худ, балки барои пешрафт ва ҳамқадами ҷаҳон будани халқу миллат мавриди истифода қарор диҳем. Муҳимтар аз ҳама муаррифии симои муаллими муосир ва ҳамзамон посдорандаи фарҳанги ниёгон, яъне арзишҳои фарҳанги миллӣ бошем. мо омӯзгорон низ дар радифи дигар намояндагони аҳли зиё нисбат ба ҷомеа ва масоили марбут ба он ҳаргиз бетарафӣ зоҳир накунем, зеро тавре ки Пешвои миллат борҳо таъкид доштанд, гузаштаи на чандон дури таърихӣ гувоҳи он аст, ки яке аз омилҳои ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ дар ватани азизамон Тоҷикистон низ ҳамин бетарафии аҳли зиёи кишвар буд.
Бояд нигоҳи мо омӯзгорон нисбат ба худ ва ҳар нафаре, ки дар рушди маориф ва илм камтарин ҳиссаи хешро мегузорад, бо камоли эҳтиром ва адаб бошад, зеро чуноне, ки шоир мефармояд, илму хирад қадри беандоза дорад ва хор доштани он рӯ ба хориву зиллат овардани худи мост:
Илм агар андак бувад, хораш мадор,
З-он ки дорад илм қадри бешумор.
Устоди кафедари фарҳангшиносӣ - Қорихонов С.О.