Паёми Пешвои миллат оинаи тамомнамои рушди кишвар
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун оинаи муваффақияти имрўзу ояндаи кишвар ба инъикоси пешрафтҳои навини кишвари биҳиштосоямон нигаронида шуд. Барномаи дурнамои Ҳукумати мамлакат –Паём дар марҳалае ироа гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳалаи ворид шудан ба муборизаҳои навин қарор дорад, ки албатта барои ҳар як давлати соҳибистиқлол ин тамоил хатари бесобиқа дорад. Аммо аз ҷониби Асосгузори сулҳу аҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президегти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 бо рўйдодҳои муҳиму хотирмони худ барои мардуми тоҷик соли таърихӣ унвонгузорӣ шуд. Президенти мамлакат бо таъкид аз ин нукта чандин ташаббусҳои Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд, ки яке аз онҳо расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми ҷаҳонии кишвари Тоҷикистон дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад. Ин ташаббусҳои ҷаҳонӣ бори чаҳорум имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистонҳамчун кишвари ташаббускор дар самти об дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шавад. Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат бо эҳсоси вусъат ёфтани тағйирёбии иқлим, ки боиси камбуди об дар ҷаҳон гардида метавонад, мардуми тоҷикро хамчун милати ташаббускор ва фарҳангофар бо чунин барномарезиҳои манфиатбор дар байни ҷаҳониён тайи 27-сол аст, ки муаррифӣ карда меояд. Ҳамчунин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохтани агренати якуми Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистон унвон ёфт, ки ин воқеан аз ҷониби сокинони мамлат бо хушнудӣ пазируфта шуд. Зеро «Роғун» барои бароварда гардонидани орзуву ормони мардум ҳамчун як иншооти буурги аср хидмати арзандаеро ба анҷом расонида метавонад. Дигар омили ҳамчун соли таърихӣ эътироф шудани соли 2018 пайванд ба барқарор шудани муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии ҳамсояи ба мо дўст Ўзбекистон ба шумор меравад, ки маҳз дар соли 2018 амалӣ гардид. Пешвои миллат бо ишорат ба ҳамин гуна музафариятҳо, ки дар соли ҷорӣ рўйи кор омадаанд, бо нишон додани равандҳои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки яке аз онҳо таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ба шумор меравад, дастоврадҳои Ҳукумати мамлакатро муаррифӣ карданд. Маълум гардид, ки Тоҷикистон дар тамоми ҷабҳаҳо бо фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба пешравиҳо назарас ноил гардидааст. Зиёда аз 150 ҳазор таъсис ёфтани ҷойи нав худ гувоҳ ба заҳматҳои шабонарўзии Пешвои миллат ишорагар мебошад. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, дар давоми сол пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт.
Мардуми кишвар аз чунин нишондодҳои Ҳукумати мамлакат қаноатманд буда,ҳамеша набзи пешрафти рўзафзўни кишвари азизамонро эҳсос намуда истодаанд.
Яке аз ҳодисаҳои фараҳбахш ба сифати стратегияи чаҳоруми Ҳукумати мамлакат қабул шудани масъалаи аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мебошад. Мардуми кишвар боварӣ аз он доранд, ки стратегияҳое, ки Ҳукумати мамлакат онро қабул кардааст, ба таври возеҳ давра ба давра татбиқ ёфта кишварро аз як мамлакати ҷангзада раҳонид.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки пешниҳод шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои рушди инрасохторҳо соҳаи сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Зеро ба таври назаррас амалӣ гардидани “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” ба татбиқи чунин тадбирҳои муҳим дар шароит навин вобастагии калон дорад.
Пешвои миллат таҳкими иқтидори илмии кишварро дар баробари ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ яке аз вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф унвон намуданд. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бо роҳандозии чунин барномаҳои сатҳи баланди давлатӣ ба марҳалаи тамоман нави рушд ворид гардида истодааст.
Ба соҳаи маориф эътибори аввалиндараҷа додани Ҳукумати мамлакат аз сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондарак медиҳад. Ба андешаи Пешвои миллат ислоҳоти ҳамаи низоми таҳсилот бо роҳандозии усулҳои фаъоли таълимӣ ва баландбардории сатҳу сифати таълим вобастагии амиқ дорад. Аз ин ҷиҳат, норасоии кадрҳои омўзгорӣ дар мамлакат барои ба ин ҳадафи муҳим ноил гардидан монеа эҷод мекунад.Пешвоми миллат ба кадрҳои баландихисос таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда, ояндаи таълиму тарбияро дар дасти кадрҳои баландихтисоси соҳа дидаанд. Ҳамин тариқ Пешвои миллат дар соҳаи маориф мавҷудияти ду проблемаи асосии ҳалталабро ба қайд гирифтаанд. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. Кулли мардуми Тоҷикистон аз ироаи Паёми имсолаи Пешвои миллат ба хулосаҳо амиқ омада, барои бартараф кардани камбудиҳио ҷойдошта зери сиёсати маънавибунёди Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат мебанданд. Зеро аз истиқболи гарми тамоми сокинон аз пешниҳодҳои Пещвоми миллат аз он гуфоҳӣ медиҳад.
Дигар масъалае, ки мавриди нигаронии Пешвои миллат дар сохаи маориф гардид, вазъи забономўзӣ мебошад. Тавре Пешвои миллат таъкид карданд ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Мардуми кишвар хуб дарк карданд, ки барои ба ҷомеаи пешрафтаи мутамаддин табдил ёфтан масъала забономўзӣ бояд ҷиддӣ ҳаллу фасл шавад. Аз ин нукта ногуфта пайдост, ки Ҳукумати мамлакат самтҳои рушди минбаъдаи соҳаро дар эҷоди як ҷомеаи босаводмебинад ва чун ин масъала имрўз ба ҷмеаи ироа гардид, боварии комил дорем, ки дар фурсатҳои наздиктарин ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, Пешвои миллат, бо як ҳавсалаи бузург дар Паёми имсолаашон, ки роҳи миндаъдаи кишвари азизамонро муайён менамояд, ба зикри дастовардҳои назарраси соҳаҳо пешрафти Ҳукумати мамлакатро дар замони истиқлолият бо санадҳои дақиқ бозгў карданд. Ҳамчунин дар Паём инъикоси масоили ба инкишофи соҳаҳо монеашаванда дар мадди аввал гузошта шудааст ва Пешвои миллат барои бартараф кардани ин монеаҳо дастуру супоришҳио қатъӣ доданд. Паёми имсола мисли дигар паёмҳо мардумро ба сулҳу субот ва истиқрору оромӣ ҳидоят кард ва мардуми мамлакат аз Паёми ироашуда истиқболии гарм карданд, ки ин нишону сулҳу иттиҳод дар кишвар мебошад.
Абдуллоев Ромиз Холмуминович –
Сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ