ПАРҲЕЗ АЗ ОН ШАКАР, КИ БО ЗАҲР ОМЕХТ
Изҳороти муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат Маннонова М.
Аъзову роҳбарони ТТЭ ҲНИ хуб медонанд, ки фошкориҳои шоҳидону баррасии фактҳои воқеӣ дар ояндаи наздик ҳам аз лиҳози молиявӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳолати онҳоро танг мекунанд. Ба ин хотир ҳузури шоҳидоне, ки рӯ ба рӯи доираи бузурги ҳуқуқдонҳову сиёсатшиносон аъмоли пасипардагии ин ташкилоти махуф ва аъзои онро фош мекунанд, ба онҳо нафорид.
Дарвоқеъ, ин ҳолат наметавонад боиси нигаронӣ ва ташвиши роҳбарони ТТЭ ҲНИ набошад. Онҳо ҳоло кам-кам ба худ омадаву диданд, ки дар атрофашон касе намонда, чун бисёре аз аъзои собиқ пайомадҳои ҳуқуқии ҳамнишинӣ бо ташкилот ва роҳбарони онро дарк карда, бо арзи пушаймонӣ ба ватан баргаштанд, ё комилан худро аз фазои ҷиноятие, ки ин ташкилот созмон додааст, канор гирифтанд. Ҳамин аст, ки вақтҳои охир эмиссарҳои ТТЭ ҲНИ хеле зиёд талош карданд, то сафи худро аз ҳисоби афроде, ки ба гуфтаи худашон, барои зиндагии беҳтар ба Аврупо рафтаанд, пур кунанд. Дуруст, муваффақ нашуданд ва фикр мекунам, ки муваффақ нашуданашон ба оқибатҳои ҳуқуқии ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ марбут аст.
Аммо дар масъалаи “сиёсӣ шудани баҳси ҳуқуқӣ” инро бояд дар назар дошта бошем, ки ТТЭ ҲНИ тавонмандии сиёсӣ надорад, ин ташкилот аслан, субъекти сиёсӣ набуда, чун як ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф шудааст. Бинобар ин, ба мавзӯъи мавҷудияти ТТЭ ҲНИ на чун як оппонент ё мухолифи сиёсӣ, балки бояд чун ташкилоти террористиву экстремистӣ бархӯрд кард.
Ин нуктаро ҳам набояд фаромӯш сохт, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ барои амалисозии ҳадафҳои худ аз ҳар роҳи ғайримумкин истифода мекунанд. Инро дар зиндагии воқеиямон шоҳид будем. Натиҷа ин шуд, ки айнан ҳамон ҳамнишинӣ ё шарикӣ бо ин ташкилот ҷавонони зиёдро пушти панҷара бурд. Онҳое, ки ҳоло дар Аврупо истода, лофу газоф мезананд, то ҷавонон ё афроди ноогоҳро ба худ ҷалб кунанд, ба нишастҳои худ даъват кунанд, ҳеҷ гоҳ кафолат дода наметавонанд, ки фардо ин ҷавон ё фарди ноогоҳро чӣ оқибатҳои ҳуқуқӣ интизор аст.