Паёми Пешвои миллат роҳнамои ҷавонон
Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш, ки рўзи якуми сентябр дар пойтахти кишварамон баргузор гардид,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир басулҳ ва пойдории он дар Ҷумҳурии азизамон афкори хешро баён намуда таъкид намуданд, ки ҷавонони ватанамон зираку ҳушёр бошанд. Зеро, қувваҳои бурунмарзие, ки ба оромиву осоиштагии кишвари азизамон бо роҳҳои мухталиф халал расондан мехоҳанд, кам настанд. Онҳо барои молу мансаб ватани хешро ору номуси хешро мефурўшанд ва ватану модари хеш хиёнатро раво медоранд. Симои ин афроди ноқобилро Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин суханҳо баён намуданд: «Онҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ виҷдону имон ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд ва мехостанд ба мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар кишвари тозаистиқлоли мо давлати исломӣ барпо намоянд».
Аз ин рў, ҳар як ҷавони соҳибдил ватандўст барои пойдории сулҳ дар кишвари азизамон мубориза барад ва арзишҳои миллиамонроэҳтиром намуда, бо ватани хеш фахр намояд. Зеро ободиву осоиштагии ояндаи Тоҷикистон дардасти ҷавонони мамлакат мебошад. Онҳо бояд ааз ҳамин рўз барои муҳофизати ватанашон омода бошанд, ва арзишҳои миллии хешро аз ҳама боло гузоранд. Дар пайравии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумўи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.