Паём ва зиндагии осоишта

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди таҳлил қарор дода шуд ва Сарвари давлат аз бурду бохти он изҳори назар карда, дастуру пешниҳодҳои мушаххаси хешро дар беҳдошти вазъи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ баён намуданд. Дар радифи масъала ва проблемаҳои мавҷуда, Пешвои миллат ба масъалаи амнияти миллӣ вабехатарии кишвар руҷӯъ намуда, сабаби нотинҷии сайёраро ба “кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ” марбут медонанд. Пешвои миллат аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидани ҷаҳон аз ҷониби бархе аз сиёсатмадорон изҳори нигаронӣ намуданд. Дар ин маврид Пешвои миллат ҳамоноандешаи қаблии худ “барои самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон зарур аст”-ро талқин намуда, пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгароро аз ҷониби баъзе доираҳо сахт мавриди танқид қарор медиҳанд ва аз омодагии кишвар дар муборизаи муштарак бо тероризму ифротгароӣ эълом медоранд: “Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд”.

Мусаллам аст,ки мафҳумоти “бартариҷӯӣ”, “мусаллаҳшавии бошитоб”, “ҷанги сард” ин ҳама хоси абарқудратҳо аст ва сард шудани муносибатҳои онҳо таъсири нохуш ба кишварҳое чун Афғонистон мерасонад. Таърихи начандон дури вазъи Ироқу Суриё ва Украина собит кард, ки ин абарқудратҳо барои манфиати хеш аз ҷангу хунрезӣ рӯй наметобанд.

Боиси зикр аст, ки Тоҷикистон дар заминаи “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020” амал намуда, нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи мавзӯӣ дарҷ гардидаанд. Яъне ин маънии онро дорад,ки Тоҷикистон барномаи мушахасси худро дар ин самт дорост ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозӣ намудааст. Пешвои миллат ба ин барнома ишора намуда, бори дигар аз мавқеи устувори кишвар дар самти мубориза алайҳи тероризм ва хушунат дарак доданд.

Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро дар баробари шукргузорӣ аз рӯзгори ободу осуда тафаккур ва андеша дар мавриди тақдири ҷаҳон мебояд, ки он ба тинҷиву осудагии кишвар марбут аст. Ривоҷ бахшидан ба фазои сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ имкон медиҳад,ки Тоҷикистон чун имрӯз даррадифи кишварҳои тинҷу осуда қарор дошта бошад ва дар ҳалли масъалаҳои ихтилофангези олам саҳми худро гузорад. Ин ҷо месазад мақоларо бо муроҷиати Пешвои миллат бамардуми азизу шарафманди Тоҷикистон, вакилони мақоми олии қонунгузори мамлакат, аъзои Ҳукумат ва кулли хизматчиёни давлатӣ анҷом бахшем: “Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Саидумрон Саидов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ