Падидаҳои номатлуби ҷомеа

Имрузҳо ҷомеаи ҷаҳониро падидаҳои номатлуби ифродгароӣ – терроризм ва экстремизм зери хатар гузоштааст. Ин ташкилотҳои экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш зери ниқоби «мусалмони комил» дини мубини исломро истифода мебаранд. Ҳадаф аз ин вайрон кардани бехатарии ҷомеа, мубориза бо рақибони сиёсӣ ва ба даст овардани ҳокимият, барангехтани низоъҳои динӣ аст. Маънии калимаи «терроризм» тарс ва ваҳм буда, пайравони он мақсаду мароми хешро тариқи зуроварӣ, куштор ва тарсу ваҳми мардум амалӣ кардан мехоҳанд. Маълум аст, ки дар асл моҳияти дини мубини ислом покиву дустӣ, бародариву ягонагӣ, адолату амният аст, на куштору ваҳшоният.

Вобаста ба ин нукта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш таъкид намудаанд, ки мутаасифона дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд намудаанд, ки амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад.

Мутаасифона имруз бештари гаравандагони ин зуҳуроти номатлубро ҷавонон ташкил мекунанд. Ин ҳама бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, надонистани моҳияти дини ислом ва норасоии таълиму тарбияи ҷавононро нишон медиҳад.

Имруз моро зарур аст, ки ба қадри неъмати бузург- истиқлолияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу амният ва оромиву якпорчагии кишвари хеш бирасем. Хуб дарк намоем, ки терроризм ва экстремизм вабои аср буда, барои башарият хатари бузурге ба миён овардааст.

Ҷовононро мебояд дар руҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху анъанаҳои ниёгон, ҳисси ватандорӣ ва орӣ аз бегонапарастӣ тарбия кард. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикстонро ҳам қарзу ҳам фарз аст, ки амнияту ваҳдати миллиро ҳифз намуда то насли оянда мерос баранд.

Шамил Назарзода - таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ