Оппозитсия ё террористони гумроҳ?

Гуруҳаке иборат аз панҷ шаш нафар, ки ҳар яктояш худро роҳбар меҳисобад инҳо ҳамон наҳзатиҳо мебошанд. Аз номи як гуруҳи калон баромад карда, мардумро тарс медиҳанду кӯшиш менамоянд, ки мавқеашонро дар Тоҷикистон пайдо кунанд. Мутаасифона имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки инҳо ба ҳар масъалаҳое, ки дар кишвар рух медиҳанд бини халонда моҷароҷӯӣ мекунанд.

Кабирӣ бо муридонаш худашонро мухолиф ҳисобида сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Тоҷикистонро паст зада бо суханҳои бофтаву туҳмат таҳқир менамоянд. Дар асл мақсадашон мардумро бо давлат шуронидану иғвоангехтан аст, дигар ҳеҷ мақсади поке надоранд.
Наҳзатиҳо дар ҳоле худашонро мухолиф эълон кардаанд, ки ҳама иқдом, сиёсати пешгирифта, ободкорӣ, навсозии Ҳукумати Тоҷикистон ба манфиати мардумаш пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, давлат миллатро аз таҳдидҳои террористон эмин нигоҳ доштан мехоҳаду барои мардум як фазои орому осударо ташкил кардан. Ва ҳама қунунҳои қабулшуда баҳри тартибу низом ва осоиштагии миллати тоҷик амалӣ менамояд. Магар наҳзатиҳо зидди ҳамин иқдом мебошанд?
Инчунин, Ҳукумати Тоҷикистонро ҳама кӯшишҳояш ба хотири пешравӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардумаш аст. Албатта ҳар як кишвар ҳар кореро, ки анҷом медиҳад ба манфиати мардумаш аст. Ба монанди оне, ки Тоҷикистон аз хатари террористони наҳзатӣ мардумро огаҳ карда истодаасту пеши роҳи онҳоро гирифта мехоҳад.
Бубинед, ки Ҳукумати Тоҷикистон қонуне қабул кардааст, ки бар зидди манфиати мардумаш бошаду барояшон хатар эҷод карда бошад? иқдомеро пеш гирифтааст, ки дар он манфиати мардумро ба назар нагирифта бошад? Албатта на, ин ба ҳамагон маълум аст.
Саволе ба миён меояд, ки пас чаро наҳзатиҳо худро мухолиф медонанд? Бояд донист, ки инҳо оппозитсия нестанд, балки гумроҳоне мебошанд, ки аз тарафи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои террористӣ фирефта гаштаанд.
Вақте онҳо дар фикри беҳбудии мардум мебуданд ҳеҷ гоҳ ба сиёсате, ки мардумолорона ва хирадмандона аст мубриза намебурданду як мардуме, ки дар як кишвари орому осуда зиндагӣ мекунанд мақсади ноором карданро пеша намекарданд. Вале имрӯзҳо дида мешавад, ки наҳзатиҳо чӣ гуна ифротгароӣ ва иғвоангезӣ карда истодаанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки наҳзатиҳо оппозитсия нестанд, балки фиребхурда ва гумроҳоне ҳастанд, ки мақсадҳои гуногуни амалӣ намудани ақидаҳои террористро дар кишварамон доранд. Хушбахтона ин ҳама нақшаҳои тарҳрезигаштаашон ба мардуми сулҳхоҳи тоҷик ошкор гардидааст.

Фирдавс Каримов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ