Омодагӣ ба сессияи зимистона
Тибқи иттилоои сардори маркази тестии донишгоҳ дотсент Назаров Р.Р. бо мақсади иҷрои талаботи “Низомномаи баргузории сессияҳои имтиҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шакли тестӣ (санҷишӣ) бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ-иртиботӣ” (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.11.2018, №21/35) ва дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ Маркази тестӣ ҷиҳати омодагӣ ба сессияи зимистонаи с/т 2018-2019 тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз санаи 11-уми декабри соли 2018 то ин дам бо донишҷӯёни курсҳои 1-уми шуъбаи рӯзонаи ҳамаи факултетҳои донишгоҳ семинарҳои омӯзишӣ баргузор намуда истодааст. Ин семинарҳо дар Маркази тестӣ - дар фазои воқеии имтиҳонсупории донишҷӯён ва дар амфитеатру синфхонаҳо мувофиқи факултетҳо бо истифода аз воситаҳои техникии муосир, слайдҳо ва муаррифиҳо аз ҷониби мутахассисони Маркази тестӣ ташкил ва амалӣ шуда истодааст. Чун донишҷӯёни курсҳои якум бори аввал дар донишгоҳ имтиҳонҳои ҷамъбастӣ (ниҳоӣ)-и семестри якумро дар маркази тестӣ месупоранд, баргузории чорабинии мазкур барои онҳо аз фоида холӣ нест. Масъулони марказ дар рафти семинарҳо донишҷӯёнро бо қоидаву тартиботи муқарраршуда, талаботҳои низомномавӣ оид ба баргузории сессияҳои имтиҳонӣ дар Донишгоҳ ба шакли тестӣ (санҷишӣ) бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ-иртиботӣ, намудҳои назорати тестӣ, шакл, сохтори таркибӣ ва технологияи таҳияи маҷмўи саволномаҳои тестӣ (санҷишӣ), ташкили бонкҳои тестӣ дар донишгоҳ, ташкили низоми тариқи компютер гузаронидани имтиҳоноти тестӣ, талаботҳои умумӣ ва тартиби супоридани имтиҳоноти ҷамъбастӣ ба намуди хаттӣ дар маркази тестӣ ва шифоҳиву эҷодӣ (вобаста ба ихтисос) дар факултетҳо, масъулият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯён, тартиби баҳогузорӣ ба сатҳи дониши донишҷӯён дар асоси низоми холдиҳӣ-рейтингӣ ва ғ. шинос намуданд.
Сипас донишҷӯён сари компютерҳо нишаста, ба таври амалӣ имтиҳони шартӣ супориданд. Донишҷӯён ба саволҳои дар рафти семинар пайдокардаи худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил