Омилҳои муноқиша дар сарҳади Қирғизистон
Тирпарронӣ ва хунрезӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки руҳ дода буд, як рӯзи сиёҳе дар таърихи ҳар ду кишвар мемонад. Зеро, ин ду халқ дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамсояи девор дармиён зиндагӣ карда омаданд ва боз ҳамчун ҳамсоя хоҳад монд. Вале мутассифона ин ҳодиса руҳ дод ва ин бори аввал нест. Бинобар ин хостем, ки сабаби рух додани ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегоҳии рӯзи 16-уми сентябр ҳарбиён аз тарафи Қирғизистон, ки дар атрофи 300 нафар ҷамъ омада буданд, ба тарафи сокинони маҳаллии деҳаи Овчи-қалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тир кушодан. Дар натиҷа мардуми маҳалли жароҳатҳои гуногун бардоштанд. Оиди ин дар нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки рҳзи 17-уми сентябр ба вакили Қирғизистон супорида шуд, алоҳида гуфта шудааст.
Дар баробари такрор шудани хунрезӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон суоле ба миён меояд, ки чаро баъди вохурии президентҳои ду кишвар дар марз ҳам ин муаммо ҳалли худро наёфт?
Ба фикри коршиносон заиф будани Ҳукумати кунунииҶумҳурии Қирғизистон боиси ҳалли худро наёфтани муаммои марз бо Тоҷикистон шуда истодааст. Эҳтимол ҳаст, ки дар сар задани муноқишаҳо дар сарҳад дасти мухолифони Ҳукумати Қирғизистон ҳам бошад. Албатта ин фарзияҳо асосҳои иловагӣ талаб мекунад. Вале таъкид кардан лозим аст, ки тарафи Тоҷикистон чӣ мардуми маҳаллӣ ва чи мақомоти иҷроияи маҳалли ва ҳарбиён ҳамеша Роҳбариятро гуш мекунад ва бе иҷозати роҳбарони болои як тир холӣ намекунад. Аммо эҳтимол ҳаст, ки вазият дар тарафи Қирғизистон хеле муташаннич аст ва ҳатто Ҳукумати амалкунандаро гӯш намекунанд. Баръакс мухолифин барои ба даст овардани ҳокимият аз ин баҳсҳои сарҳади суистифода карда истодааст.
Кафедраи умумидонишгоҳии Сиёсатшиносӣ