Омилҳои баланд бардоштани тафаккури миллӣ ва зиракии сиёсии шогирдон ҷиҳати мубориза зидди терроризм ва экстримизм
Таълиму тарбия воқеан ҳам раванди басо мураккаб, пуртазод ва заҳматталаб аст, тадқиқот, нерўи зиёд ва ҷидду ҷаҳди пайвастаро мехоҳад. Чуноне, ки Пешвои миллат Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Ба таълиму тарбияи шоиста ниҳодҳои гуногун масъуланд, вале аз ин миён се ниҳоди сиёсӣ мавқеи марказӣ ва ҳалкунанда дорад. Таълиму тарбия дар пайвастагии се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа руҳу равони воқеӣ пайдо мекунад”.
Оила саргаҳи худшиносию худогоҳии ҳар як ҷавонони имрўза аст. Дар тўли садсолаҳо оилаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё овардаанду ба камол расонидаанд, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои зиёди таърихиро ба анҷом расониданд.
Дар иддае аз оилаҳо таассубу хуруфоти динӣ ҳукмфармост, то ҷое, ки барои фарзанд ба ҷузъ аз рўзаю намоз ва суннатҳои динӣ ҳамаро нозарур медонанд дар ҷомеаи имрўза ин гуна оилаҳо хатарноканд. Ҷомеаи имрўза асри технологияи навин, идеологияи навин, асри эҷодиро аз сар гузаронида истодааст.
Имрўз модарони моро зарур аст, ки ба дастовардҳои истиқлолият, пойдевори давлати миллӣ сулҳу субот, ваҳдат, тинҷию амониро дарк намуда барои боз ҳам мустаҳкамии ҷомеа фарзандони худро дар руҳияи ҳушёр будан, худогоҳу худшинос будан, арзишҳои миллиро пос доштан тарбия намоем.
Наврасонро тарбия намуда, барои ҳаёт омода сохтан ин як санъату маҳорати бузург аст.Аксари ҷавононе, ки дар биёбонҳои араб меҷанганд, зархариданд. Барои онҳо дину оин , имону инсонгарӣ воситаи пулу сарват ба даст овардан аст. Ин гуна ҷавононро шахсоне гумроҳ мекунанд ва мехоҳанд ба ҷамъият хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Раванди ифротгароӣ ба монанди терроризм, экстремизм, ҳаракатҳои ваҳҳобияю салафия ҷомеа ва ҷавононро ба сўи исломи сиёсӣ кашида истодааст.
Худи табиати исломи сиёсӣ тафриқаандозӣ аст. Имрўз ҷавонониморо зарур аст, ки дар руҳияи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, содиқ будан ба Ватанро талқин намояд. Инсон дар тамоми давру замон эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Коҳишёбии маънавиёти баъзе аз ҷавонони имрўза худ гувоҳи он аст, ки ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла, оила масъулияти дар назди худ гузоштаро иҷро карда натавонистааст.
Мо тавассути садо ва симо мебинем ва мешунавем, ки дар чанде аз мамлакатҳои хориҷӣ ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ҳамроҳ шуда, ба одамкушӣ шиддатнок кардани муҳит даст мезананд. Имрўз оилаи тоҷик дар ҳувияти фарзандонашон инсондўстӣ, ҳушёрӣ, ватандўстиву хештанпарвариро талқин намоянд. Фарзандонашонро масъулиятшинос дар ҷомеа пешкаш намоянд. Пайвастани идаае аз ҷавонон ба гурўҳи ифротгаро, ки ба ҷони худ ва ба ҷони дигарон раҳм накарда дар ҷаҳон тухми даҳшат мекоранд ва ноогоҳона ба манфиати бозингарони бузурги геополитикӣ амал менамоянд ҷои таассуф аст. Масъалаи тарбияи ҷавонон масъалаи мубрами рўз аст. Ниҳодҳо аз ҳамдигар канораҷўйӣ накунанд, ба ҳам занҷирбанд гашта дар руҳияи ҷавонони имрўза худшиносӣ ва худогоҳиро талқин намоянд.
Таҷрибаи даҳсолаҳои охир собит месозад, ки танҳо он кишварҳое ба дастовардҳои бузург ноил гаштаанд, ки ба ҷавонон таваҷҷўҳи бештар намуданд. Дар ҷумҳурии мо таваҷҷуҳ ба ҷавонон ба тарбияи шоистаи эшон меафзояд. Ин башорат ва фардои шукуфони соҳибистиқлолии мост. Тафаккури ифротӣ , гурўҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои терористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрўз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор доданд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта,хусусияти глобалӣ ва умумиҷаҳонӣ гирифтааст.
Воқеан, терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Фоҷеаҳои нангини чанд соли охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик ба вуқўъ пайвастааст, ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад. Дар ин замина, тарбияи дуруст ва дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас вазифаи ҷонии мо омўзгорон, ба шумор меравад. Гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, ки ҷаҳонро ба таҳлука андохтаанд, дар таърих дар ҳама давру замон бо ҳар ном амал мекардаанд, ки ҳадафи асосси онҳо аз байн бурдани якпорчагии давлат ва қатлу куштор ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳокимиятро ба даст оранду ҷамъиятро ноором намоянд. Дар замони муосир аксари гуруҳҳои террористӣ ба қатлу куштори халқи осоишта машѓуланд ва бо номи ислом ин амалҳои нангинро иҷро мекунанд. Қисми зиёди ҷавононе, ки ба ин гуруҳҳо шомил гардидаанд, на дониши кофии исломӣ доранду на дониши фарохи дунявӣ. Боваъдаҳои пуч, ки оқибаташ танҳо марг аст, онҳоро фиреб менамоянд.
Амалиёти террористӣ аз қисматҳои зерин иборат мебошад: ѓояҳоваомилҳои сиёсӣ, фаъолияти зўроварӣ, амали террористӣ.
Терроризми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир дар шаклҳои иҷтимоӣ-инқилобӣ, терроризми этникӣ-миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба амал меояд. Дар замони муосир тамоили то як андоза маҳдуд шудани терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ ва афзудани терроризми этникию миллатгароӣ ва динӣ ба назар мерасад.
Вожаи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” маншаъ гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст. Террористон мехоҳанд,мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ–ба бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, илова бар ин нобуд сохтан,зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо: сўиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи барҷаста ва оддии миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гуруҳҳои аҳолӣ: содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудаанд.
Шаклҳои зуҳури терроризм хеле гуногун мебошад. Бинобар ин мутахассисон онро ҳар гуна тақсимбандӣ мекунанд: терроризми давлатӣ, терроризми гуруҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмиллалӣ ва дохили давлатӣ. Аз рўи хусусияти иҷтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ,этникӣ,тақсим мекунанд. Бовуҷуди ин як таърифи мукаммали терроризм не, балки даҳҳо таъриф вуҷуд дорад.Нишонаҳои асосии терроризм зўроварӣ ва даҳшатафканӣ ба хотири ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ мебошад.
Бинобар ин, бояд мо, омўзгорон, машѓулиятҳои тарбиявиро дар муассисаҳои таълимӣ ҷиддӣ ба роҳ монда, хонандагонро аз вазъияти сиёсии ҷаҳон огоҳ намуда, ба онҳо бифаҳмонем, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият неъмати бебаҳоянд. Бояд ба қадри сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвари хеш бирасем ва баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон талош бикунем. Мо бояд ба шогирдон фаҳмонем, ки терроризм ин ташкили хатар, яъне аз таърифи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зўроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Аз нигоҳи паҳноиву фарогирӣ ба шаклҳои зерин тақсим мешаванд: байналхалқӣ, дохилидавлатӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ.
Ҷуѓрофияи паҳншавии созмонҳои террористӣ бисёр васеъаст: Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо ва ѓайра. Созмонҳои террористии“Абўнидал”, “Абўсайёф”, Аумсинрике” (Ҷопон), “Ҳамос” (Фаластин), созмонҳои баскҳои Испания бо номи“Ватан ва озодӣ” (ЭТА), “ал-Қоида”, “Артиши озодихоҳи миллӣ” (Колумбия), Созмони озодибахши Томил Илама (Шри-Ланка), созмони “Бригадаҳои сурх” (Италия),“Толибон” (Афѓонистон), “Бокоҳарам”, “Ҷабҳат-ан-Нусра”-и аҳли Шом” (Сурия), “Давлати Исломӣ”, “Ҳаракати исломии Ўзбекистон”, “Лашкари Тайба” ( Покистон), “Ал-ихвон ал муслимин” (Миср), “ал-Ҳарамайн”(Арабистони Саудӣ ва ѓайра)
Миқёси амалҳои террористӣ низ бошиддат меафзояд.Аз рўи ҳисоботи Департаменти давлатии ИМА ҳамасола дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад. Аз дасти террористони СИКХ 31-уми декабри соли 1984 кушта шудани сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ, қатли якчанд шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла сарвазири Ҳиндустон Раҷив Гандӣ, аз тарафи террористони “Созмони озодибахши Тимил Илама” дар Шри-Ланка (солҳои 1991) ва президенти Шри-Ланка Ринасигх Предамас (Соли 1993), куштори прокурори шаҳри Генуя Франческо Коко ва собиқ сарвазири Италия Адло Моро аз тарафи террористони созмони “Бригадаҳои Сурх”, аз тарафи ду нафар террористони араб кушта шудани фармондеҳи номдор, вазири мудофиаи Афѓонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва ѓайра собит менамоянд, ки терроирстон дар баробари дузидани одамон, партофтани бомб дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ ва ҳизбӣ бештар даст мезаннад.
Аз ин рў, дар раванди таълиму тарбия дар ташаккул додани тафаккури миллӣ ва ҳидоят кардан ба зиракии сиёсии шогирдон вазифаи ҷонии ҳар як тарбиякунанда аст. Омўзгори имрўзарозарур аст, ки ҳар лаҳза шогирдонашро оиди донишҳои зарурӣ маълумотдиҳад, аз падидаҳои номатлуби терраризм экстримизм вобаста ба синну солишогирдонашомўзонад вадонишҳои аниқро оиди ин падидаҳо осону дастрас то тафаккур ва зеҳни онҳо бурда расонад, зеро ҳушёру зирак ва зиракии сиёсиро раҳнамоӣ кардан вазифаи ҷонии ҳар як омўзгор мебошад.