Ояндаи миллати худро зери хатар нагузоред!
Дар замони муосир зуҳуротҳои фаъоли нерӯҳои таҳрибкор, таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб халқи азияткашро ба таҳлуқа овардааст.
Хатарҳои замони муосир, аз ҷумла ҳамлаҳои даҳшатовари намояндагони ТЭТ ҲНИ ҳар яки моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.
Суръати густариши ин гуна ҳодисаҳо ба ҳаддест, ки имрӯз хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон - ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ торафт аён мегардад. Куштори сайёҳони хориҷӣ ба ин далели дақиқ гардида метавонад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки аз чунин пайомадҳои манфӣ давлати тинҷу осудаамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Ислом ҳама гуна аъмоли зишт, зӯроварӣ, зулму ситам, қатлу ғоратро қатъиян маҳкум месозад ва ба падидаҳои ғайримақбули замони мо, ба мисли терроризм ва экстремизм, мутлақо иртибот надорад.
Таъкид сохтани ин ҳақиқат имрӯз маънии хос касб менамояд. Зеро мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки хатарҳои зиёде ба амнияти аҳли башар таҳдид мекунанд.
Ин аст, ки дар пойтахти Олмон – шаҳри Берлин эълон шудани гирдиҳамоӣ, ки бо ҷалби хешу ақрабои мухолифин ва шахсони ноогоҳ аз асли воқеа сурат гирифт, баръало маълум аст, ки ин ҳисоботи навбатии молиявии ТЭТ ҲНИ дар назди хоҷагонаш буд. Шиору овеза, варақаҳои тарғиботӣ, ба иҷора гирифтани баландгӯякҳо ва дастгоҳҳои тақвияти овоз, кироя гирифтани мардикорон ва ёбекорон баҳри ширкат дар митинг, ба иҷора гирифтани дастгоҳҳои наворбардорӣ ва дигар таҷҳизоти митинг бори дигар шаҳодати «харҷи оқилона»-и маблағҳои хоҷагон аст.
Дини мубини ислом дар такя ба арзишҳои аслии худ, қудрати инсонӣ, ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ, озодии фикр, покизагии тан ва рўҳ, даъват ба сулҳ, дурӣ ҷустан аз хушунат ва таҳаммулгароӣ метавонад ба пешрафти илм ва рушди ҷомеа мусоидат намояд. Дар аҳкоми шариат омўхтаниилму дониш, машғул шудан ба касбу кор ва машғул шудан ба меҳнати ҳалол яке аз фаризаҳои аслӣ ба ҳисоб рафта, бо ибодат кардан баробар мебошад.
Хиёнаткор дар ягон маврид ба мақсад намерасад, ва мо зиёиён то ҷон дар бадан дорем, обрўву нуфузи Ватанамонро боз ҳам боло бардошта, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоем. Бо заҳматҳои пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик Тоҷикистон ба кишвари мутараққиву пешрафта табдил ёфтааст ва вазифаи муқаддастарини мо дар он аст, ки ин кишвари маҳбубамонро ҳифз намоем, дар рушди бемайлони он камари ҳиммат бубандем!
С.Рабиев –декани факултети педагогӣ