Одоби ҳамсоядорӣ
Вақте дар бораи ҳамсоядории тоҷикуқирғиз сухан меронем мо набояд фаромӯш кунем, ки дар тӯли садсолаҳо аз як обу аз як ҳаво мекашанд. Ба як дин боварӣ доранду маданияти наздик доранд.барои муайян кардани сарҳад тарафдорони Ҳокимияти давлатии Қирғиз изҳор дорад, ки гӯё тоҷикон заминҳои онҳоро аз они худ мекарда бошанд. Лекин ин тғҳмати бофтаи онҳо мебошад. Зеро дар таърихи мавҷудияти халқи тоҷик ягон бор чунин нашудааст, ки халқи мозамини ҳамсояашро забту аз они худ карда бошад. Шукр аз он мекунем, ки давлати мо дорои обу хоки хусусии худ мебошад. Албатта минтақаи баҳсие, ки ҳаст бо ризоияти ҳукуматҳоиҳар дудавлат ҳалли худро дарёфт мекунад.
Мо намегузорем, кихалқи моро дар рӯи ҷаҳон ҳамчун забткор нишон диҳанд зеро мо одоби ҳамсоядориро хуб медонем. Доир ба ҳурмати ҳаққу ҳамсоягон гузаштагони мо насиҳатҳои пурғановату ибратангези худро ҳамчун мерос гузоштаанд. Аз ҷумла гуфта меашвад, ки ҳар шахс ба монанди чароғе бошад, ки на танҳо роҳи худашро балки роҳи дигаронро инз фурӯзон гардонанд. Шахсе, ки ба хешовандону наздикон меҳрубон ҳастанд бояд ба ҳамсоягон низ меҳрубон бошанд. Ва хусусан нисбати ҳамсоягон гуфта мешавад, ки аз аҳволи онҳо бохабар буда ҳамеша ба ҳамсоягон кӯмак кунанд.
Ғайр аз ин ҳамаи мо инсон ҳастем ва набояд, ки ноодилона нисбати ҳамсояи худ тғҳмату бғҳтон паҳн кунем. Вақте дар бораи ҳамсоядорӣ сухан меронем мо бояд донем, ки баҳамсоя дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ , сулҳу сао, гузашту эҳсон ва дигар талаботи ахлоқи ҳамидамуносибатро ба роҳ монданамон зарур мебошад. Ҳакимон донишмандон аз таҷриба гуфтанд, ки муносибати неки ҳамдигари ҳамсояҳо сабаби ободии шаҳр ҳо ва афзоиши умри мардумон мешавад.
Чунон ки ба мушоҳида мерасад, дар ривояту панду андарзҳо нисбати эҳтироми ҳамсоя ва вазифашиносӣ андешаҳои пурқимат ва ҳаётӣ баён гаштаанд. Дар онҳо доир ба бохабар будан аз аҳволи зиндагии онҳо, кӯмаку мададгорӣ, ҳатто қабули заҳматҳо , таҳаммули кайфияти зиндагиашон ва лоақал худдорӣ аз зараррасонӣ ба онҳо таъин гаштаанд. Нисбати ҳамсоя аз чӣ боядхуддорӣ ва парҳез кард. Яъне он чӣ ба худ равонест, нисбат ба ҳамсояҳо онро набояд раво дид.
Хулоса агар, ки мо барои ҳурмату эҳтироми ҳамсоядорӣ аз айбдор кардани онӣо худдорӣ намоем ин маънои онро надорад, ки гӯё мо гунаҳкор бошему онҳо моҳи сафед бошанд. Бо баробари он, ки мо чӣ будани ҳақиқатромедонем боз ҳаққу ҳуқуқҳои худро них хубтар медонем. Онҳо набояд шаҳрвандони моро ноодилона ба аз худ кардани замини онҳо айбдор намоянд. Сиёати одилонаю хирадмандонаиСарвари давлат моро ба сӯи сулҳу якдили даъват менамояд ва мо тарафдори дӯстии халқҳо мебошем.
Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа