Нотавонбинӣ ва риёкориву чоплусии роҳбари ҳизби нохалафи наҳзати ислом

Имрўзҳо кишваҳои ҷаҳон дар ҳоли рушд қарор доранду барои пешрафт ва шукуфоии давлату ҳукмат ва миллати хеш кўшиш бар он доранд, ки баҳри пойдориву сулҳ ва суботи ҷомеа саҳми сазовори худро гузошта бошанд. Тавре иттило дорем аз рўи расонаи шабакаи иттилоотии «АМИТ Ховар» Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода аз шабакаи иҷтимоии феесбук ҳангоми мутоилаи хабарҳо ва табрикномаҳои солинавӣ аз хабари нотавонбинӣ ва чоплусии роҳбари ҳизби террористии нохалафи наҳзати ислом, ки дар Тоҷикистон фаъолияти он мамнўъ аст, бохабар мешаванд. Дар ҳоле, ки дар вақт Тоҷикистон боз ба қадами устувор пеш рафта истодааст, аз он ки чархаи аввали НОБ-и Роғун аз санаи 16 ноябри соли 2018 ба кор дароварда шуд. Зеро дар натиҷаи ин амали устувор баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат Тоҷикистон наздик шуда истодааст ва ҳама шоду масрур ва худсандии беканор ҳатто рўи ҳамаи расонаҳои матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетиро низ фаро гирифтааст. Вале нотавонбинии хоинони мамлакат, махсусан роҳбари ҳизби мамнўъи наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ аз ин дастоварди Тоҷикистон ангушти ҳайрат мегирад.

Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода низ Муҳиддин Кабириро ҳамчун як хазандаи хушкигарде, ки онро «буқаламун» меноманд, шабоҳат дода, ақидаву андешаҳояшро баён медорад. «Буқаламун», - мегўянд Ҳоҷӣ Ҳусайн як хазандаи хушкигарде мебошад, ки дар ҳар мавзеъ ранги пусти худро вобаста ба муҳити атроф дигар мекунад, Муҳиддин Кабириро шабоҳад медиҳад. Гап дар сари он аст, ки Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари хоини давлат аз рушду шукуфоии Тоҷикистон чашми дидан надорад, ба ин маънӣ аз ҳар дастовари иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлату ҳукмати Тоҷикистон ангушти ҳайрат мегирад, вале кору амали ў бо нишондоди хоҷагони хориҷиаш роҳандозӣ мешавад. Дар гузориши Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода низ ҳамин андешаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Муҳиддин Кабириро ҳамчун «чоплуси муҳоҷири дарбадар» дар кишварҳои Аврупо медонанд. Аз ин лиҳоз, қайд карда мешавад, ки Муҳиддин Кабирӣ агар аз гуфтаву амал ва хати кашидаи хоҷагони хориҷии худ барояд, ҳатман аз «қутти лоямут» маҳрум мегардад. Бинобар ин аз «нони беминнати худ» барои маҳрум намонидан «қалам бар даст гирифта, тинҷиву оромӣ ва суботи Тоҷикистонро бо хабарҳои «шум», «гўшхарош» ноором месозад.

Итминони комил дорем, ки ҳар қадаре, ки ў кўшиш кунад ҳам якпорчагиву якмаромӣ ва сулҳу суботи мамлакатро халал дода наметавонад.

Ш.Шарипов, С.Махкамов устодони факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ