Нофаҳмиҳо набояд садди роҳи дўстиву бародарӣ гарданд!

Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ, дохиливу хориҷӣ ба дастовардҳои бузурге ноил гардид. Дар робита бо давлатҳои дуру наздик барои боз ҳам мустаҳкам гардонидани муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ сиёсати «дарҳои кушод»-ро эълон намуд, ки ин ташаббуси бевоситаи Сарвари муаззами миллат мебошад.

Густариши муносибатҳои байналмиллалӣ бо мамлакатҳои ҳамсоя яке аз ҷанбаъҳои асосӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад, ки яке аз чунин мамлакатҳо Ҷумҳурии Қирғизистон ба шумор меравад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон аз 14 январи соли 1993 густариш ёфта истодаанд. Дар ин марҳилаи таърихӣ ин ду кишвар чӣ қадар мушкилиҳоро паси сар кардаанд. Имрўз бошад, Ҷумҳурии Ќирғизистон яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ба шумор меравад.

Байни Тоҷикистону Ќирғизистон бисёр шартномаҳо вобаста ба иқтисодиёт, фарҳанг, сиёсат ба имзо расидааст, ки аз такомули муносибатҳо шаҳодат медиҳад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ҷода ҷой дорад ин масаълаи сарҳадӣ буда, байни он шаҳрвандоне, ки дар маконҳои сарҳадӣ зиндагӣ мекунанд низоъҳое ба амал меоянд, ки ин ба ин дар густариши муносибатҳо на он қадар хуб аст.

Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудие, ки соли 1924 гузаронида шудааст, сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои баъдина низ пурра муайян карда нашудааст, ки ин яке аз сабабҳои асосии ба амал омадани ин нофаҳмиҳо мебошад. Барои ҳамин ҳам барои ҳал кардани ин масъала Сарварони давлаҳои мо чӣ қадар қўшишу заҳматҳо карда истодаанд.

Албатта эътирози баъзе аз шаҳрвандон дар ин масъала дида мешавад, лекин қайд кардан бамаврид аст, ки тоҷикону қирғизҳо ҳамеша дар тўли таърихи дуру дароз дар сулҳу осоиштагӣ мезистанд ва ин масъала набояд садди роҳи бародарию дўстӣ байниин миллатҳо гардад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ