Нигоҳи имрӯзаи мо ба ҳаракати босмачигарӣ (Изҳороти устодони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт)

Босмачиҳо ваҳшитарин гурӯҳи турктаборе, ки то дандон бо яроқу аслиҳа таъмин карда шуда буданд. Тибќи маълумотҳои мављуда пуштибони онҳо амир Саид Олимхон буд.

Мир Муҳаммад Олимхон сулолаи охирини қабилаи манғитии Аморати Бухоро буд. Ӯ 3 январи соли 1880 дар шаҳри Бухоро таввалуд шудааст (солҳои ҳукумронии ӯ аз 4 декабри соли 1910 то 30 августи соли 1920). 1-уми сентябри соли 1920 амир Саид Олимхон роҳи гурезро пеш мегирад ва аз давлати шоҳигарии Афғонистон сарпаноҳ меҷӯяд. Ӯ дар он ҷо истода ба дастаи босмачиён роҳбарӣ менамояд. Соли 1944 дар шаҳри Қобули Афғонистон вафот мекунад.

Роҳбарони ин ҳаракати босмачигарӣ худи амир Саид Олимхон, Анварпошшо, Иброҳимбек, Мадаминбек ва дигарон буданд, ки ҳама туркони манғитӣ, намояндагони қавму қабилаҳои ғайри тоҷик буданд. Онҳо дар хизмати хоҷагоне қарор доштанд, ки баҳри баргардонидани амири Бухоро Саид Олимхон ба тахт ва бунёди “Туркистони бузург” хизмат мекарданд.

Чи хеле ки аз таърих ба мо маълум аст, воқеаҳои солҳои 20-уми асри ХХ дар ҳодисаҳои солҳои 90-уми ин аср як монандӣ ва шабеҳияти хосе доранд. Бо ибораи дигар босмачигарӣ, яъне ҳамин ҳизби ба ҳама маълуми террористии ҲНИТ мебошад. Ҳамон талаву тороҷ, қатлу ғорат, таҷҷовузу ваҳшоният, ки хоси босмачӣ буд, ҳоло ҳамин аъзоёни ҳизб онро пайравӣ ва ҳукмфармо карданӣ ҳастанд.

Яъне, ба гуфтаи таърихшиносон босмачиён инҳо ҳомии расму анъанаҳои асримиёнагӣ буданд ва барои абадӣ нигоҳ доштани ин бо ҳар роҳу васила мардумро тороҷ менамуданд. ҲНИТ низ баҳри эҳёи он талош варзида, бо дастури хоҷагонашон ба нобуд кардани чеҳраҳои миллати тоҷик камар бастанд. Куштори М.Олимпур, М.Осимӣ, Ю.Исҳоқӣ, К.Қурбон ва чандин нафарони дигар аз қабили онҳое ҳастанд, ки бо дасти қотилони наҳзатӣ бо даҳшат ва ваҳшоният ба қатл расонида шуданд.

Вақтҳои охир, мо шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти давлат халал ворид менамоянд, аз қабили ифротгароии наҳзатиён мешавем, ки хоси босмачигарӣ буд. Ин тамоюл, бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва субботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонанд, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.

Мо бояд шогирдонро баробари таълиму тарбия додан, онҳоро, ки ояндаи миллати мо ҳастанд, ҳушдор намоем, ки ба равияҳои бегона нагараванду ҷони худро ба зери хатар нагузоранд. Ҳамчунин, ба бегонапарстӣ хотима бахшанд, аз арзишҳои миллии худ хуб истифода баранд. Либосҳои миллии худро ба бар намоянд, ки ин хеле ба ҷавондухтаронубонувони тоҷик зебанда аст. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ба андешаи сиёсатмадорони дунё Сулҳ дар Тоҷикистон вазъияти мӯътадили минтақаро, ки ба он экстремизму – терроризм ҷиддӣ таҳдид менамуд, устувор сохт. Имрӯз тоҷикону тоҷикистониён барои осудагиву тинҷии мамлакати биҳиштосояшон муборизаи беамон мебаранд.

Тарбия ва омода намудани мутхассисони забондон, аз усулҳои нави идоракунӣ, илмҳои замонавӣ, системаи иттилоотӣ ва технологияи компютерӣ бохабар, дорои одобу ахлоқи ҳамида, тафаккури замонавӣ, ватандӯсту ба иҷрои вазифаи хизматӣ содиқ яке аз вазифаҳои муҳими мо, омӯзгорон мебошад.

Мо бояд ба қадри осудагӣ расем, соҳибистиқлолии ватанамонрасем,дӯст дорем ва дар пешрафти он саҳми худро гузорем. Мо тоҷикон, ояндасози давлату миллати хеш ҳастем ва бар зидди вабои асри ХХI терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуб мубориза барем. Дар ин замина мо бояд зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳем, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту оромии ҷомеа ва умуман рушди минбаъдаи миллатамонро пуштибонӣ намоем. Маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдат мо ба ҳадафҳои бузурги давлатамон расида истодаем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ